Суди олии Тоҷикистон баррасии парвандаро аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки тирамоҳи соли гузашта сурат гирифта буд, ба итмом расонид.

“Суди олии Тоҷикистон нисбати ҳамлагарон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ҳукм содир намуд. Онҳо ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ин ҳама маълумотест, ки мо ба ВАО пешниҳод карда метавонем”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Суди олии ҷумҳурӣ.

Дар маркази матбуот доир ба шумори дақиқи маҳкумшудагон ва дигар ҷузъиёти ҳукм маълумот надода, изҳор доштанд, ки тафсилоти дигар надоранд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён хабар дода буд, ки аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” Суди олӣ парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 9 нафар баррасӣ дорад.

Шаби 6-уми ноябри соли 2019 гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд. Дар ҷараёни ҳамла онҳо 5 автомати Калашниковро тасарруф намуданд. Мақомоти қудратӣ 15 нафар ҳамлагаронро кушта, 5 каси онҳо боздошт шуданд. Дар типарронии дуҷониба прапоршики Қӯшунҳои сарҳадӣ ва корманди ВКД Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамлагарон аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.