Моҳи май ҳодисаҳои сабти ҷиноятҳое чун одамкушӣ, дуздӣ дар манзилҳо ва роҳзанӣ дар ҷумҳурӣ зиёд шуд.

Бино ба омори расмӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи майи имсол шумори ҳодисаҳои куштор ва суиқасд ба он ба миқдори 62%, дуздӣ дар манзилҳо - 35% ва роҳзанӣ - 75% афзудааст.

Моҳи май инчунин сабти ҳодисаҳои авбошӣ (5%) ва далелҳои дуздӣ дар умум (13%) зиёд шуда, дар ҳамин ҳол, сабти ҳодисаҳои ғоратгарӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар, вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, порагирӣ кам шудааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ ба сурати умум 1,5 ҳазор ҷиноятҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 12,4% камтар аст.

Дар ин давра 283 ҷиноятҳои вазнин содир шудаанд, ки дар қиёс бо моҳи майи соли гузашта 126 чунин ҷиноят камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз аввалин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар аз коронавирус ҳукумати Тоҷикистон 30 апрел маълумот дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.