Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба мудири шуъбаи умумии Суди вилояти Хатлон Фаридун Азиззода парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, Фаридун Азиззода аз шаҳрванд А.З., ки парвандаи ҷиноятияш бо моддаи 247 (Қаллобӣ) дар баррасии Суди вилоят буд, бо ваъдаи мусоидат ба ҳукми сабуктар 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

“Фаридун Азиззода ба шаҳрванд А.З. ваъда додааст, ки нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бидуни дур кардан аз мансаби ишғолкардааш таъин мешавад. Ӯ дар аввал аз шаҳрванд А.З. 14 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтааст. Зимнан мувофиқа шудааст, ки 1000 сомонии боқимондаро пас аз иҷрои кор мегирад”, - гуфт муовини прокурор.
Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон
Asia-Plus

Вай афзуд, ки 2-юми июни соли 2020 ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон қабул гардида, шаҳрванд А.З. бо моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гунаҳгор дониста шудааст. Нисбат ба ӯ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 сомонӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои ба ҷавобгарии моддӣ алоқаманд таъин гардидааст.

Бандишозода мегӯяд, Фаридун Азиззода рӯзи 3-юми июн аз шаҳрванд А.З. 1000 сомонии дигар талаб мекунад. Ӯро баъд аз гирифтани маблағи зикршуда кормандони мақомоти прокуратура дастгир карда, маблағи 1000 сомониро аз мошини шахсияш ёфта, гирифтанд.

“Нисбат ба Фаридун Азиззода бо моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Айни замон тафтишоти пешакӣ идома дорад ва ҳафтаи оянда парванда барои моҳиятан дида баромадан ба суд ирсол карда мешавад”, - гуфт муовини прокурори вилояти Хатлон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.