Сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш» - и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои сохтакорӣ ва тасарруфи маблағ боздошт гардидааст. 

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, Рустам Раҷабов дар давраи солҳои 2016-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз ҳисоби зиёд нишон додани музди меҳнати кормандон маблағи умумии зиёда аз 114 ҳазор сомониро тасарруф намуда, бо ин кирдори худ ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, ки нисбат ба Раҷабов Р.Т. бо моддаҳои 245, қисми 3, банди “а” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон)-  Кодекси ҷиноятии оҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.