Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, даъватшавандагонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ҳастанд ба хидмат намебарад. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки агар даъватшаванда бемориро пештар пуштаи сар гузошта бошад, аз хидмат озод нест.

Ориф Назаров, як масъули дафтари матбуоти Вазорати мудофиа ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “агар комиссияи тиббӣ муайян кунад, ки даъватшаванда гирифтори коронавирус аст, он даъватшаванда ба хидмат бурда намешавад. Аммо агар даъватшаванда бемориро пештар гузаронида бошаду вақти даъват сиҳат шуда бошад, аз хидмат озод нест”.

Ба гуфтаи ин масъули маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, то кунун дар миёни сарбозон ҳеч касе гирифтори бемории коронавируси COVID-19 нашудааст.

Даъвати тирамоҳии навсарбозон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар Тоҷикистон аз 1-уми октябр оғоз мешавад. Дар Тоҷикистон масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафҳои неруҳои мусаллаҳи кишвар яке аз мушкилотест, ки солҳо давом дорад ва ҳамасола бо ҷалби иҷборӣ ё ба истилоҳ “облава” ҳамроҳ аст.

Ҳарчанд ҳамасола дастур мешавад, ки ҳангоми даъвати навсарбозон аз “облава” кор гирифта нашавад, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо лаҳзаҳои гуногуни иҷборӣ ба сафи неруҳои мусаллаҳ бурдани ҷавонон нашр мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.