Дар шаҳри Душанбе як ҷавони 28-сола, ки худро корманди Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ намуда, ҷавононро бо таҳдиди ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст, боздошт гардид.
Ба РВКД дар шаҳри Душанбе зиёда аз 13-нафар ҷавонон, ки аксаран донишҷӯён ҳастанд, бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудаанд, ки мавриди фиреби як нафар мардумфиреб қарор гирифта, телефонҳои мобилии худро аз даст додаанд. Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назарзода Акбарҷони Гадо, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Теппаҳои Самарқандиро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд. Номбурда қаблан суд шудааст.
Гуфа мешавад, ки гумонбар бо усули хосе ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст. Яъне ӯ худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбӣ муааррифӣ намуда, ҷавононро аз ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан тарс дода, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст.
“Тафтишоти пешакӣ 13-ҳолати мардумфиребии ӯро ошкор намуд, ки ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои содир намудани дигар ҷиноятҳо тафтиш идома дорад. Бояд гуфт ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршуда боиси коста гардидани обрӯву эътибори мақомоти давлатӣ ва дилсард гаштани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гашта, номбурда барои содир намудани ин кирдорҳои ҷиноятиаш дар назди қонун ҷавоб ҳоҳад гуфт”, - омадааст дар хабари РВКД.
Зикр мегардад, ки айни замон нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247(Қаллобӣ) қисми 2-Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 апреля 2024 года
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном упал до неприлично низкого уровня
FORMULA55 и ТВ «Варзиш» заключили спонсорское соглашение
Как, закрывая глаза на насилие в семье, в Центральной Азии множат суицид и убийства женщин
ЕФРС поможет Таджикистану внедрить принципы программного бюджетирования
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста