Кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯӣ марди 27-солаи сокини маҳаллиро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин мард сар аз моҳи августи соли гузашта муддати 6 моҳ ба падари ҷавонзани 24-сола мегӯяд, ки бо духтараш муносибати ошиқона дорад ва агар ба ӯ пул надиҳад, онҳоро бадному шарманда мекунад.

“Нахуст ӯ 13,5 ҳазор сомонӣ гирифта, лекин 4 январ бори навбатӣ ба падари ҷваонзан занг мезанад ва аз ӯ боз 18 ҳазори дигар пул талаб мекунад, - омадааст дар хабари ВКД. - Боз таҳдид мекунад, ки дар сурати пардохт нашудани пул, маводҳои бадномкунанда нисбати духтари ӯро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ба нашр мерасонад”.

Гуфта мешавад, тамаъҷӯй ҳангоми гирифтани 1,5 ҳазор сомонӣ пул бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Нисбат ба ин мард мутобиқи моддаи 250 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаи то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.