Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби состсиал-демкорати Тоҷикистонро мақомот ба “Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ” низ гунаҳкор кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба додситонии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Одинаев пештар боздошт ва ба авбошӣ гумонбар мешуд. Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар Додситонии шаҳри Ҳисор далели боз шудани парвандаи навро шарҳ надоданд, аммо тасдиқ карданд, ки ба зидди Маҳмурод Одинаев бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд ва баррасиашро додситон Икром Мирзошарифзода ба уҳда дорад.
Наздикони Одинаев гуфтаанд, ки мақомҳои Додситонии Ҳисор онҳоро як ҳафта пеш дар бораи айби нав хабардор карда буданд. Аммо онҳо гуфтаанд, ки далелеро дар ин замина намебинанд.
Дар қонунгузории Тоҷикистон иттиҳоми наве, ки нисбат ба Маҳмурод Одинаев эълон шудааст, аз панҷ то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.
Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."
Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писараш Ҳоҷиакбр Одинаевро, ки биноиаш суст аст, зӯран ба артиш ҷалб кардаанд.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар аввал боздошти баҳсбарангези муовинашро барномарезишуда номид, аммо 12-уми декабри соли гузашта дар Фейсбук навишт, ки дастгир шудани Одинаев сабаби "хусусӣ" дошт.
Назари Зойиров ба эълони айби дувум нисбат ба муовини боздоштшудааш дастрас нест. Гузашта аз ин, Маҳмурод Одинаев вакили мудофеи мустақил надорад ва маълум нест, худи ӯ дар ин бора чӣ мавқеъ дорад.
Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Британия выделяет на помощь Украине полмиллиарда фунтов и передает крупнейший пакет военной помощи
Таджикистан и Узбекистан договорились о транзитном проезде грузовиков через свои территории без разрешений
Чем Нурек очаровал Дэвида Кэмерона
Убийство Салтанат Нукеновой в Астане: Бывшая супруга рассказала о браке с Бишимбаевым
В Казахстане похитили свыше $2 млн, выделенных на содержание дамб
УМВД: В Душанбе 13-летний мальчик покончил жизнь самоубийством, бросившись с 16 этажа
Глобальный порядок, экономика и образование: о чем Кэмерон приехал говорить с лидерами ЦА?
В Таджикистане адвоката обвиняют в мошенничестве: потребовал 200 тысяч за помощь в суде
В Душанбе состоялась выставка детских рисунков, посвященных вакцинации
«Банк Эсхата» приглашает на внеочередное общее собрание акционеров
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста