Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки дар бинои ин ниҳод аз сӯйи ҳамкораш Насим Амирзода паронда шуд, аз масъулини ВКД ба Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва Оҷонсии зидди фасод шикоят бурдаанд. 

Наздикони афсари кушташуда бархе масъулини ВКД-ро барои беэътиноӣ ба қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ” муқассир медонанд.

Дар номаи шикоятие, ки нусхаи аз он ҳам дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт, гуфта мешавад, ки  "Ба назар чунин мерасад, ки дар ин ниҳод ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ” эҳтиром намегузоранд ва онро риоят намекунанд. Муроҷиатҳои хаттии мо аз 15.03.2021, 03.04.2021, 12.04.21, 15.04.21-ро дар ВКД на танҳо баррасӣ нашуданд, балки ба он посух низ нагуфтанд ва масъулияти худ дар назди Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро иҷро накарданд".

Ҳамчунин дар ин нома гуфта мешавад, ки дар "тафтишот ва дар  суд маълум шуд, ки дар ШКД ноҳияи Панҷ камераҳои назоратӣ кор намекарданд. Инчунин дар ин ниҳод шахси масъуле барои назорати ҷойивазкунии посбонҳо, қабул ва санҷиши яроқи оташфишон ҷудо карда нашудааст. Макони алоҳидае барои санҷиши яроқ низ дар ин ШВКД нест ва навбатдорон яроқро дар рӯ ба рӯи якдигар месанҷидаанд. Собит шуд, ки маҳз хунуназарии Сардори ШКД Маҳмудзода Шамсулло ва ҷудо накардани шахсони масъул ҳангоми санҷиши яроқ боиси ба амал омадани ин фоҷиа шудааст. Мо аз вазорати корҳои дохилӣ дархост намуда будем, ки як санҷиши дохилӣ анҷом дода, шахсони ба хунукназарӣ роҳ додаро ба ҷавобгарии интизомӣ кашанд, вале ба он низ посух нагирифтем".  

Дар ин номаи шикоятӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш шудааст, ки "ба мақомоти дахлдор дастур диҳед, ки нисбати шахсони масъули Вазорати корҳои  дохилӣ барои иҷро накардани талаботи моддаи 25-и Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ”  дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораандешӣ намоянд".

Бояд гуфт, ки афсари милиса, лейтенанти калон Меҳроншоҳ Ҷумъаев, ки ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хидмат мекард, соати 4-и субҳи 7 феврал аз тири старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, дар ҷойи кор, яъне дар дохили бинои ШВКД Панҷ кушта шуд. Старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ба сӯи марҳӯм ду тир парронда, ки яке ба Меҳроншоҳ бархӯрда, ӯро дар ҷойи ҳодиса кушт ва тири дигар хато рафта, ба шифт бархӯрда буд.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ нисбати Амирзода Насим Абдукарим, старшинаи милитсия бо моддаи 108 қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) парванда боз карда буд, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май Насим  Амирзода Насим ҳамагӣ 3 сол ҳукми маҳбас дар низоми сукунатӣ муҷозот шуд, ки наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев онро ноодилона хонаданд ва аз он зинаи болоии додгоҳӣ шикоят бурданд.

Қарор аст, 2-юми июн шикояти кассатсионии онҳо аз сӯйи Коллегияи додгоҳии марбут ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон баррасӣ шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.