Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳалномаи додгоҳие, ки аз сӯйи додгоҳи Ҳисор нисбат ба Ҳусниддин Абдуллоев, муттаҳам дар таҷовузи ноболиғи 12-сола, содир шуда шуда буд, аз сӯйи Додгоҳи олӣ бекор шудааст.
Тавре раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз, дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ҳангоми тафтиши ҷиноят мақомоти тафтишоти пешакӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд ва аз ин хотир парванда ба тафтиши иловагӣ баргардонида шуд.
Ӯ гуфт, ки то ба имрӯз парванда ба суд ворид нашудааст, вале он зери назорати роҳбарияти Додгоҳи олии кишвар қарор дорад.
- Вақте ки парванда ворид мешавад, мо тамоми чораҳоро мебинем, ки дар асоси талаботи қонун парвандаи мазкур одилона мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шавад. Чунки ҷабрдида шахси ноболиғ аст ва атрфои ин парванда сару садҳо ҳам хеле зиёд,-гуфт Шоҳиён.
Раиси Додгоҳи олӣ дар шарҳи камбудиҳои содиршуда дар рафтаи тафтишии пешакии парванда гуфт, ки дар он ҳолатҳои содиршавии ҷиноят ва бахсусус масъалаи квалификатсияи кирдори шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, камбудӣ ҷой дошта, ҳамчунин тафтиш пурра ва ҳаматарафа гузаронида нашудааст.
- Яъне аз ҷониби мақомоти тафтишоти бори дигар ҳама ҳолатҳои содиршавии ҷиноят мавриди санҷиш қарор дода мешавад ва баъди муайян гардидани паҳлӯҳои гуногуни ҳолатҳои содир шудани ҷиноят масъалаи бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсе, ки ҳамин кирдорро содир кардааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад,-гуфт Шоҳиён.
Номбурда, ҳамчунин, ба суоли он ки оё нисбати судяе, ки камбудиҳоро содир намуд, ягон чораҷӯи шудааст, посух дод, ки танҳо бекор шудани қарори судя барои ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ асос намешавад.
Ба таъкиди ӯ, вақте тафтишоти иловагӣ, ба охир расиду парвандаи дуввум ба суд ворид шуд ва аз ҷониби суд мавриди баррасӣ қарор гирад, баъд баҳо медиҳем, ки то кадом дараҷа судяе, ки маротибаи аввал парвандаро баррасӣ кард, ба камбудӣ роҳ додааст ва барои камбудиаш чораҷӯи карда шавад ё не.
Чанд рӯз пеш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода дар мавриди то куҷо расидани парванда гуфта буд, ки “тафтишоти иловагии прокуратура идома дорад”.
Ёдрас мекунем, ки дар Ҳисор марди 42-сола ба номуси духтари 12-сола дастдарозӣ намуда, ӯ ҳомиладор шуда буд ва кӯдак таваллуд кард.
Ба гуфтаи духтари ҷабрдида, 9 августи соли 2019 хешашон (писари тағо) Ҳуснӣ Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ ва таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, мекушад. Ин амал минбаъд маҷбурӣ чандин маротиба такрор шудааст.
Баъдтар суди шаҳри Ҳисор нисбати Ҳусниддин Абдуллоеви 42-сола, ки дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола айбдор карда мешуду ин ноболиғ баъдан фарзанд ба дунё овард, ҳукм содир намуд. Ӯ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, лекин бо истифода аз қонуни авф аз иҷрои ҷазо озод гардид.
Баъди муроҷиатҳои пайдарпайи ҷомеаи шаҳрвандӣ Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Ҳисорро дар робита ба таҷовузи ноблоиғи 12-сола бекор кард ва парванда барои тафтишоти иловагӣ фиристода шуд.
Охирин хабар дар мавриди ин қазия ҳанӯз моҳи марти соли равон нашр шуд, ки вакили дифоъ ба посухи озмоиши ДНК шубҳа дошт, ки нишон дод, ки айбдор падари кӯдак нест. Барои муайян кардани падарии кӯдак, ки озмоиши такрори ДНК гузаронида шуда, хулосаи он ба прокуратруа пешниҳод шуд. То ҳол ҳеҷ иттилое дар ин бора нашр нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане начался прием заявок на учебу за рубежом. Какие документы необходимо собрать?
Парламент Абхазии отказался от ратификации инвестиционного соглашения с Россией
«Озоди»: Недалеко от Душанбе рухнул беспилотник
Талибы заявили о начале строительства афганского участка газопровода ТАПИ
Глава СПЧ России: «Нам не нужны люди, которые создают в городах кишлаки»
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с инвалидностью
В Конгрессе США заявили о лабораторном происхождении коронавируса
В Кыргызстане планируют запретить использование мобильных телефонов в школах и вузах. А что в Таджикистане?
США ввели санкции против трех бывших узбекских чиновников за насилие над воспитанницами детдома
Президент Ирана встретится с Путиным для обсуждения ситуации в Сирии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста