Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо нашри гузорише аз боздошти чанд сокинони шаҳри Истаравшан хабар дод, ки кормандони милисаро ҳангоми “таҳқиқи як хабари оперативӣ” латукӯб кардаанд. Пайвандони боздоштшудагон иддао доранд, ки “кормандони милитсия духтари ноболиғеро ба мошин савор карда ба саҳро бурданд, пешниҳоди ноҷо карданд”. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо нафар боздошт шудаанд, аммо мақомот ҳодисаро муфассал шарҳ намедиҳад.

Се рӯз қабл, 2-юми июли соли 2023, дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, аз латукӯби кормандони милитсия дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан гузориш пахш гардид. Дар он таъкид мешуд, ки ҳодиса рӯзи 31- уми май, замоне рух додааст, ки кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан пайи таҳқиқи як хабари оперативӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи Лакат қарор доштанд.

“Ин гурӯҳи сокинони деҳа ба милисаҳо муқобилият нишон дода, ба кори онҳо монеа эҷод кардаанд”, - таъкид мешуд дар гузориш.

Мошине, ки гуфта мешавад ба он духтари ноболиғро савор кардаанд
Намогирифт

Дақиқ зикр нашуд, ки муноқиша аз чӣ оғоз гардидааст, сокинон чаро муқобилият намудаанд ва кормандони милитсия чиро таҳқиқ мекарданд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ кард ва танҳо иддаои дар гузориш баёншударо бори дигар такрор намуд: “Кормандони милитсия барои санҷиши маълумоти фаврии ба самти хидматӣ вобастабуда ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Лакат рафта буданд, аммо сокинон монеъи фаъолияти онҳо шудаанд”.

Пайвандони сокинони боздоштшудаи деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан мегӯянд, кормандони милитсия духтари ноболиғеро ба мошини худ савор карда, ба саҳро бурдаанд. Пас аз фарёди духтар сокинони атроф ба назди мошин ҷамъ шуда, аз кормандони милитсия шарҳи ҳодисаро талаб кардаанд ва қазия ба муноқиша печидааст.

Руқия Ниёзқулова
Asia-Plus

Руқия Ниёзқулова, модари духтари ноболиғе, ки дар мошин будааст, мегӯяд, “Ӯлмасой ном зане духтарашро бо ваъдаи кор фиреб карда, ба назди идораи шиносномадиҳии шаҳр бурдааст ва каме баъд ҳамроҳи се корманди милитсия омада, духтарашро ба мошин савор кардаанд”.

“То назди деҳа омадаанд ва духтарам гуфтааст, аз мошин мефароям. Гиря кардааст, вале нафароварда ба дашту саҳро бурдаанд. Ҷое, ки ҳеч кас нест. Духтарам ба кор меравам, маро сар диҳед гуфтааст. Онҳо дар ҷавоб гуфтаанд, мо пули коратро медиҳем, бо мо рав”, - гуфт Руқия Ниёзқулова.

Духтари ноболиғи Руқия Ниёзқулова дар ҳузури модараш ҳодисаро ба таври зайл нақл кард:

“Рӯзи 31-уми май зане бо номи Ӯлмасой бо ваъдаи кор маро ба назди идораи шиносномадиҳии шаҳри Истаравшан бурд ва худ рафт. Дар назди идораи шиносномадиҳӣ мунтазир шудам. Чанде пас Улмасой ҳамроҳи се корманди милитсия омада, гуфтанд, ки ба мошини сиёҳшишае нишинам. Маро бо мошин то заминҳои кишти деҳа оварданд. Онҷо Ӯлмасой бо ду корманди милиса аз мошин фаромаданд. Як корманди милиса дари мошинро маҳкам карда, ба танам даст кард. Баланд фарёд кардам ва одамонро ба кӯмак даъват намудам. Дари мошин маҳкам буд. Нафарони дар саҳробуда садоямро шунида, ба амакам занг заданд ва аз ҳодиса ҳабар доданд. Вақте амакам ба ҷойи ҳодиса омаданд, сокинони деҳа низ ҷамъ шуданд ва ҳамагӣ талаб карданд, ки корманди милитсия дари мошинро кушояд. Аз ин ҷо муноқиша сар шуд”.

Дар як наворе, ки аз ҷойи ҳодиса бардошта шудааст, мушоҳида мешавад, ки сокинони зиёди деҳа атрофи мошини сиёҳшишаеро иҳота карда, бо нафарони либоси низомипӯш дастбагиребонанд ва шарҳ талаб мекунанд.

Ҳамчунин, дида мешавад, ки занеро мехоҳанд аз мошин иҷборан фароранд.

Назари Ӯлмасой, зане, ки гуфта мешавад, яке аз “қаҳрамон”-ҳои ин қазия аст, дастрас нест. Вақте хабарнигори “Азия-Плюс” бо мақсади шарҳи ҳодиса ба хонаи ин зан рафт, дарро касе боз накард. Ҳарчанд намудор буд, ки дар хона одамон ҳастанд.

Сокинони деҳа нақл мекунанд, ки баъди ин ҳодиса кормандони мақомоти корҳои дохилӣ омада, иштирокчиёни муноқишаро бо худ бурданд.

Мақомот тафсилоти ҳодисаро ироа накардаанд, аммо нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳӣ 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳамчунин, мудири як мактаб низ барои “кӯмак ба ҳамдеҳагонаш” боздошт гардидааст.

Айни ҳол Ҷамол Раҳматов, амаки духтари ноболиғ низ дар боздошт аст.

Холбибӣ Раҳматова
Asia-Plus

Холбибӣ Раҳматова, модари Ҷамол Раҳматов, мегӯяд, пас аз боздошт писарашро як маротиба дидааст ва ӯ ба модараш гуфтааст, “бароям адвокат гиред, ки вазъиятам бад аст”.

“Алайҳи писарам бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда кушодаанд. Муқобилият ба корманди мақомот ё даст бардоштан ба ӯ ҷиноят аст, аммо духтари синфи 9-ро ба мошин савор карда, ба тарафи саҳро рафтани милиса магар ҷиноят нест?”, - мепурсад Раҳматова.

Холбибӣ Раҳматова мегӯяд, ягона умедашон Президент аст ва ба ӯ муроҷиат хоҳанд кард, то адолат барқарор шавад. Ӯ мегӯяд, шахсияти кормандони милитсияе, ки духтари ноболиғро ба мошин савор кардаанд, барояшон маълум аст.

Дар ин миён, Руқия Ниёзқулова, аз ҳолати равонӣ ва сарнавишти минбаъдаи духтараш нигарон аст. Ӯ мегӯяд, “метарсад, ки духтари ноболиғаш дигар ба ҳолати пешини худ барнамегардад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.