Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросми савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷаласаи 6-уми иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумон соати 09:00-и имрӯз дар бинои Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъват шудааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ба сифати президенти тозаинтихоб савганд ёд мекунад.

«Пас аз ифтитоҳи иҷлосия азъои парлумон ба Кохи Сомон раҳсипор гардида, дар қаламрави он соати 10 маросими сари мансаб омадани президент доир мегардад», - гуфт сарчашмаи хабар.

Ба гуфтаи манбаъ, ба маросим ба ҷуз аъзои парлумон, ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони аҳли ҷомеа ва корпуси дипломатии муқими Душанбе низ даъват шудаанд. Маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон бидуни ҳузури меҳмонони воломақоми хориҷӣ баргузор мешавад. «Дар тамоми шабакаҳои давлатии телевизион пахши мустақими маросими сари мансаб омадани президенти тозаинитихоб роҳандозӣ мешавад», - зикр кард манбаъ.

Дар идома зикр гардид, ки баъди ба Эмомалӣ Раҳмон супурдани ливо, нишон, ордени «Ситораи президенти Тоҷикистон» дараҷаи аввал ва шаҳодатномаи президент, ӯ ба садоқат ба мардум ва Конститусияи кишвар савганд ёд мекунад. «Сипас назди ҳозирин Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи барномавӣ суханронӣ намуда, самтҳои асосии рушди Тоҷикистонро мушаххас мекунад», - таъкид дошт манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки пас аз итмоми маросими сари мансаб омадани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон бо ҳузури сарвари давлат дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ гузашти низомӣ баргузор мешавад.

Дар гузашт авиатсияи низомӣ низ иштирок мекунад. Пас аз гузашти сарбозону афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 10 чархболи ҷангӣ ва ҳамин миқдор ҳавопаймоҳо низ дар як саф болои фазои майдони «Дӯстӣ» ба парвоз хоҳанд омад. Баъди ин гурӯҳи десантчиёни ҳавоӣ низ ба майдон фуруд меоянд.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.