Имрӯз дар шаҳри Чжэнжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 14-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви Созмони ҳмкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ҷаласа бо даъвати нахуствазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кетсян нахуствазирони Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Қазоқистон - Карим Масимов, Қирғизистон - Темир Сариев, Русия - Дмитрий Медведев, муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон - Рустам Азимов ва ҳамчунин роҳбарони ҳукумати кишварҳои нозири СҲШ бо шумули Афғонистон, Беларус, Ҳиндустон, Эрон Муғулистон ва Покистон иштирок мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар ин чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором, АСЕАН ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои омӯзиши вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар доираи СҲШ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, ҳамкориҳои молиявӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили имконоту таҳдидҳои зуҳурёфта зимни амалисозии ҳамаҷониба густариш додани ҳамкориҳо дар доираи СҲШ дар бахшҳои гуногун, ҳавасмандсозии ҳамкориии минтақавии иқтисодӣ дар чаҳорчӯби ташабббуси «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» табодули назар мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа имзо баёнияи муштарак дар назар аст, ки санади ниҳоӣ оид ба ҳамкории воқеъгаронаи СҲШ дар соли равон ва сармашқи амали кори созмон дар оянда хоҳад буд.

Бино ба маълумоти ВАО, баъди ба итмом расидани ҷаласа иштирокдорони онро раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур мепазирад.