Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии маъракаи Раъйпурсии умумихалқии санаи 22 майро эълон кард.
Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки сатҳи ҳузури интихобкунандагон дар маъракаи Раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ 92%-ро ташкил додааст.
«Дар маъракаи раъйпурсӣ 4 млн. 38 ҳазору 183 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок карданд, ки аз 4 млн. 401 ҳазору 516 шаҳрвандони аз ҷониби КМИР бақайдгирифта ҷиҳати иштирок дар ин маърака 92%-ро ташкил медиҳад», - иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи раиси КМИР, аз ин шумор ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 3 млн. 477 ҳазору 183 нафар ва мухолифи он 134 ҳазору 171 нафар шаҳрвандони овоз додаанд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон мутаносибан 94,5% ва 3,3%-ро ташкил медиҳад.
«Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ аз ҷониби шаҳрвандони дар ин маърака иштироккарда ва ҳамчунин нозирон ба КМИР ҳеҷ шикояте ва ё аризае пешниҳод нашудааст», - изҳор дошт Худоёрзода.
Зимнан раиси КМИР Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар барои иштироки фаъолонаашон дар ин маърака миннатдорӣ изҳор намуд.




«Лица года-2025» в Таджикистане: выбор журнала VIPzone
Молдова начала процедуру денонсации соглашений с СНГ и выхода из Содружества
Конфликт в «Парламенте». Прокурора Бустона уволили после стычки с владельцем ресторана
Товарооборот между Китаем и Центральной Азией в 2025 году превысил $100 миллиардов
В Душанбе открылся HikCenter — монобрендовый бутик Hikvision
«Снова и снова решалась на беременность — в итоге похоронила пятерых детей». Трагедии родственных браков в Таджикистане
Доставка товаров из Китая через Jana Post: прозрачно и без переплат
Курс на перестройку и результат: чего ждать от Милана Милановича в «Худжанде»
Таджикистан столкнулся с рекордными температурными аномалиями в 2025 году
В Таджикистане на сотнях гектаров высадили саксаул для защиты от пыльных бурь
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста