Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Низомиддин Зоҳидӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон ташаббуси ҷониби Чин «Як камарбанд - як роҳ»-ро, ки ба ҳамкории мутақобилаи кишварҳои минтақа баҳри беҳбуди суботи иқтисодӣ нигаронида шудааст, комилан дастгирӣ мекунад.

Ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.

Дар он ҳамчунин бунёди долонҳои нави тиҷоративу нақлиётӣ, ки беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам мепайванданд, пешбинӣ шудааст, ки ба рушди мунсибатҳои тиҷоратӣ байни Чин ва ин кишварҳо мусоидат мекунад.

Ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 зимни сафараш ба Қазоқистон пешниҳод гардида, аз ду лоиҳа - «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва «Роҳи баҳрии Абрешим асри XXI» иборат аст.