Имрӯз  дар Бӯстонсарои ҳукуматии “Кохи Сомон” дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори  худ оғоз мекунад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, пеш аз оғози ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир мегардад.

Барои иштирок дар ин ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии даъватшуда ба Душанбе ташриф овардаанд.

Роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рафти татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, кори Шўрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ мекунанд.

Роҳбарони ҳукуматҳо (сарвазирон) як қатор қарорҳоро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти созмон, аз ҷумла тасдиқ намудани буҷаи он барои соли 2019 ва Изҳороти муштарак қабул мекунанд.

Сипас ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳои давлатҳои нозир ва шарик дар муколамаи СҲШ сурат мегирад.

Раёсат дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад.

Ёдрас мешавад, ки ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) соле як маротиба барои муҳокимаи стратегияи ҳамкории бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмарраи ҳамкории иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкорӣ, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд.

Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимӣ мебошад, ки 15 июни соли 2001 дар Шанхай (Чин) дар бораи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дода шуд. Механизми қаблии он “Панҷгонаи Шанхай” мебошад.

Моҳи июни соли 2002 дар саммити сарони давлатҳои аъзои СҲШ – Хартияи СҲШ имзо шуд, ки ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон маҳсуб меёбад.

Рӯзҳои 8-9 июни соли 2017 дар ҷаласаи таърихии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Остона Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти СҲШ пазируфта шуданд.

Чор давлат- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Муғулистон дар СҲШ ба ҳайси нозир мебошанд.

Шаш кишвар-Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Салтанати Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка шарикон оид ба муколама дар СҲШ  маҳсуб меёбанд.