Намояндагони Тоҷикистон - раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода ва роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Наврӯз Самадзода ба ҳайати нозирон аз Кумитаи иҷроия ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардиданд.

Дар ҳайати нозирон аз Кумитаи иҷроияи ИДМ онҳо маъракаи интихоти президенти Қазоқистонро пайгирӣ (мониторинг) мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон.

Ғайр аз ин, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Амрихудои Дамдор низ дар мониторинги ин маърака ба сифати нозир дар ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҳузур хоҳад дошт.

Маъракаи интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон санаи 9 июни соли равон доир гардида, дар он 7 нафар номзадҳо ба курсии президентӣ, аз ҷумла президенти муваққатии ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев низ ба қайд гирифта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 19 марти соли ҷорӣ президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни муроҷиаташ ба мардуми кишвар изҳор дошт, ки аз ваколатҳои президентиаш даст мекашад ва аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки интихоботи ғайринавбатии мазкур баргузор шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.