Дар назар аст, ки охири ҳафтаи равон сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворху ду вохӯрӣ гузаронанд.

Дар вохӯрии аввал дар Исфара сарони кишварҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи ҳарду кишвар масъалаҳои суръат бахшидан ба анҷоми корҳои таъйин ва аломатгузориро дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ баррасӣ мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.

Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки ба вохӯрии дуюми сарони кишварҳо дар ҷамоати Ворух фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон низ даъват шаванд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, субҳи имрӯз низ роҳи мошингарди Ворух - Исфара аз ҷониби Қирғизистон баста аст.

Дар мақомоти шаҳрдории Исфара зикр карданд, ки шаби гузашта дар минтақаи ихтилоф орому осуда ва амн сипарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки барои дар сатҳи хуб гузаронидани вохӯрии сарони кишварҳо раҳбарияти вилояти Суғд ва муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Исфара қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.