Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи чоршанбе ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вузарои умури хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба Ашқобод рафт, бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтушунид кард.

Тавре ВКХ Туркманистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ тамоми масъалаҳои робитаҳои Туркманистону Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, фарҳанг ва ҳамкориҳои гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Дипломатҳо дар бораи самаранокии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ табодули назар карда, ба масъалаҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ таваҷҷуҳ намуданд.

“Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳо саҳм мегузорад”, - хабар медиҳад ВКХ Туркманистон.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Дар он кишваре муайян хоҳад шуд, ки раёсати Иттиҳодро дар соли 2020 ба уҳда мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.