Имрӯз аз таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки зимни аввалин сафари расмии президенти ФР Владимир Путин ба кишварамон (16-17 октябри 2004) ифтитоҳ шуд, 15 сол гузашт.

Ин созишнома барои Русия хеле муҳим буд. Зеро баъд аз ҳамлаи террористӣ ба Амрико дар моҳи сентябри соли 2001 вазъият дар ҷаҳон тағйир ёфт ва имкони аз зери чатри Русия баромадани Тоҷикистон вуҷуд дошт. Дар Маскав ин нуктаро дарк мекарданд, аз ин рӯ, тамоми кӯшиши худро ба харҷ доданд, ки ҳузури низомии худро дар Тоҷикистон ҳифз кунанд.

Ҷонибҳо аллакай дар баҳори соли 1999 мувофиқа карда буданд, ки дивизияи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистонро ба пойгоҳи низомӣ табдил медиҳанд, аммо Думаи давлатӣ дар дувуним соли баъдӣ шартномаро ба тасвиб нарасонд.

Кремл замоне ба ташвиш омад, ки аз тасмими махфии Кохи сафед ва Душанбе дар мавриди ифтитоҳи пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон иттилоъ ёфт ва фишорҳои худро болои ҷумҳурии мо шиддат бахшид. Дар ин маврид Кремл аз се омил ба ҳайси фишанги асосӣ истифода кард:

1. Қарзи Тоҷикистон дар назди Русия, ки беш аз 300 миллион доллар буд;

2. Ҳузури зиёда аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия;

3. Интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2006.

Буҳрони атрофи ин масъала дар соли 2002 ба миён омада, ниҳоят дар соли 2004 роҳи ҳалли худро ёфт. Амрико аз таъсиси пойгоҳи низомии худ бо баҳонаи он, ки дар кишвари мо инфрасохтори зарурӣ вуҷуд надоштааст, даст кашид. Русия дар навбати худ 330 миллион доллар қарзи кишварамонро бахшид. Ҳамин тариқ пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин Русия иншооти назорати кайҳон “Окно”, воқеъ дар Норакро соҳиб шуд.

Путин изҳор дошт, ки давоми 5 соли минбаъда мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои хусусии Русия ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад. Аз ҷумла, қарордод имзо шуд, ки ширкати РусАл сохтмони НБО Роғунро ба анҷом мерасонад.

Аммо аз ибтидо маълум буд, ки ваъдаҳои Кремл сирф ба хотири кӯшиши ҷилавгирӣ аз наздик шудани Ӯзбекистон ба Амрико буд. Дар баҳори соли 2005, баъд аз саркӯби эътирозҳои оммавӣ дар Андиҷон ва кушта шудани садҳо нафар аз ҷониби мақомоти қудратии ҳамсоякишвар, шароит барои тира шудани равобит миёни Ӯзбекистон ва Амрико фароҳам омад. Кремл аз ин омил истифода карда, барои даст кашидан аз сохтмони НБО Роғун баҳонаҳо пеш овард.

Дар соли 2009 президенти Русия Дмитрий Медведев расман эълон кард, ки аз мавқеи Ӯзбекистон дар мавриди мухолифат бо сохтмони нерӯгоҳҳои калони барқӣ дар Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ мекунад. Манзури ӯ нерӯгоҳҳои нотамоми Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон буд.

Баъдан музокирот оид ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҷараён гирифт, ки муҳлати будубоши он дар соли 2014 ба анҷом мерасид. Ҷониби Тоҷикистон эълон дошт, созишномаро ба шарте имзо мекунад, ки Русия солона беш аз 300 миллион доллар иҷорапулӣ пардозад. Ин баробари ҳамон маблағе буд, ки ба ивази бахшиданаш Кремл дар соли 2004 соҳиби пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон шуд. Вале дар остонаи интихоботи президентии соли 2013 Тоҷикистон аз мавқеи худ ақиб нишаст ва Русия ҳузури низомии худро дар кишварамон то соли 2042 тамдид кард.

Дар навбати худ Кремл гуфт, ки ҳозир аст ба Тоҷикистон маводи сӯхтро бидуни боҷ диҳад ва ҳамчунин як қатор сабукиҳо барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таъмин кунад. Ба ғайр аз ин, Русия эълон дошт, ки барои муҷаҳҳаз кардани артиши Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар ҳозир аст.

Аслан, розигии Кремл барои нагирифтани боҷи гумрукӣ на ба хотири муҳаббат ба тоҷикон, балки ҳадафи он вобастаи маводи сӯхти Русия нигоҳ доштани хоҷагии халқи Тоҷикистон буд.

Дар тӯли чанд соле, ки баъд аз имзои созишномаи мазкур гузашт, вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар бадтар шуду беҳтар не. Яъне аз он замон то кунун дар Русия будубоши муҳоҷирони кории тоҷик вазнинтар шуд ва шояд дар оянда муносибат бо онҳо боз ҳам шадидтар шавад. Зеро таҳримҳои Аврупо ба иқтисоди Русия зарбаи ҷиддӣ зад ва дар натиҷа даромади аҳолии худи он ҳам коҳиш ёфт.

Ин нуктаро бояд тазаккур диҳем, ки мухолифати ҳукумати Ӯзбекистон бо сохтмони НБО Роғун баъди ба сари қудрат омадани раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба анҷом расид. Тоҷикистон ҳоло ду чархаи ин нерӯгоҳро ба кор даровардааст.

Ҳоло миёни Русияву Тоҷикистон ба ғайр аз муҳоҷирони корӣ масъалаи ҳалношуда шомил гардидани кишварамон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки гумон мекунам, он ҳам дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон ҳалли худро меёбад.

Ҳадс задан мумкин аст, ки Маскав дар мавриди масъалаи асосӣ – ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳоло беташвиш аст ва то соли 2042 чандон нигарон намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.