Дар ҷаласаи Думаи давлатии Русия созишномаb байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани 5 муассисаи таълимии русзабон тасдиқ шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Думаи давлатии Русия хабар дода мешавад.

Мактабҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.

Созишнома дар бораи сохтмони мактабҳо 17 апрели соли 2019 дар Маскав аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 январи соли равон созишномаи мазкурро тасдиқ кард.

Дар ҳар кадоме аз 5 мактаб то 1200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта гирифта шуда, nаълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад.

Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст.

Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд. Ин муассисаҳои таълимӣ бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.