Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 13-уми май дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли конфронси видеоӣ иштирок мекунад. Дар ин бора ВКХ ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот ҷараёни омодагӣ ба чорабиниҳои пешбинишуда дар доираи Созмон баррасӣ шуда, ҷонибҳо атрофи масоили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар шароити пандемияи сирояти нави коронавирус табодули назар мекунанд.

Вазирон масъалаи мусоидат ба эътидоли вазъи сиёсӣ дар Афғонистонро ҷудогона баррасӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 12-уми май ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои ниҳодҳои сиёсати хориҷиро оид ба масъалаҳои гуногуни рӯзномаи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ҳифзи василаҳои мавҷудаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ дар шароити ҳамагирии ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои карантинӣ махсус қайд карданд. Дар масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ муфассал табодули афкор сурат гирифт.

Дар суханронии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки иштироки ҷумҳурӣ дар ИДМ баён гардид.

Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа, ки таҳти раёсати Ӯзбекистон барпо шуд, 11 санад ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.