Аноятбек Сулаймонбеков, генерал-майори амният дар як матлаби муштаракаш бо рӯзноманигор Абдураззоқ Саид, ки аз шумораҳои пешини “Имрӯз-News” дар ин нашрия чоп мешавад, аз бидуни протокол ва мувофиқаи пешакӣ роҳ наёфтан ба суҳбати президент  Эмомалӣ Раҳмон изҳори таассуф кардааст.

Ин муаллифон дар шумораи рӯзи 23-юми сентябри ин рӯзнома менависанд, ки “мегӯянд, ҳатто ҳамон шахсоне  ҳам, гӯё ки дар хиёбонҳо ва ё дар бӯстонсаро, иттифоқан ва тасодуфан аз сари роҳи Пешвои миллат мебароянду роҳбар онҳоро аҳволпурсӣ мекунад ва ба онҳо вориди тамос мегардад ва ё онҳое, ки дар маҷлисҳову анҷуманҳо ва вохӯриҳои умумимиллӣ аз миёни издиҳом ҷаста баромада, микрофонро дар даст мегиранд, моҳҳо қабл омода карда мешаванд ва матни суҳбату суханрониҳояшонро рӯзҳову ҳафтаҳо аз коғаз хонда,  аз ёд кардаанд”.

Ин генерали амният навиштааст, ки “пеши роҳи шахсони алоҳидаи арзандатар ба ин тамосҳову ин суҳбатҳо бо роҳбар хеле ҷиддӣ ва сахту маҳкам гирифта мешавад”. Ин муаллифон бо нигаронӣ навиштаанд, ки таҷриба нишон додааст, ки дар даҳсолаҳои аввал беҳтарину арзандатарин кадрҳои мо маҳз дар ҳамин гуна суҳбатҳо бо Президенти кишвар рӯйи кор омада буданд.

Дар ин матлаби “Қадами сиву як бар чӣ самт аст?” шумо метавонед сиру асорори вазифагирӣ ва пул додан барои мансабҳои калон ва дигар розҳои мармузро аз забони генерали амният мутолиа кунед.

Asia-Plus

Нашрияи расми Президенти Тоҷикистон “Ҷумҳурият” шумораи  23-сентябри худро ба сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бахшидааст. Аз ҷумла дар саҳфаи аввал суханронии Президентро дар ноҳияи Шаҳритус ва дар саҳифаҳои 2-3-4 идомаи сафари ӯро дар ин ноҳия ва шаҳрҳои Леваканду Бохтар ва ноҳияи Вахш нашр намудааст. “Ҷумҳурият” ҳамчунин Паёми видеоии раисҷумҳур дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи умумии СММ-ро нашр кардааст.

Ин нашрияи расмии Тоҷикистон дар саҳифаи 6 барномаи номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба мақоми президенти Тоҷикистон Рустам Латифзодаро низ нашр кардааст.   

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ангури навро дар Турсунзода "Президент" ном гузошт

“Asia-Plus” дар шумораи субҳи панҷшанбеи худ  матлаберо перомуни азсаргирии равобити Тоҷикистону Узбекистон дар саҳфаи нахуст бо номи “Таджикистан-Узбекистан: перезагрузка” нашр кардааст.  Муаллифи ин матлаб навиштааст, ки баъди буҳрони коронавирус моҳи сентябр фурсати дубора барои фаъол шудани равобити ин ду кишвар шудааст. Дар ин матлаб муҳимтарин ҳаводиси марбут ба ин ду кишвар ва омадани ҳайати расмии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва тавофуқоти ҳосилшуда натиҷагирӣ шудааст.

“Asia-Plus” ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов боғдори маъруфи Турсунзода, ки дар Тоҷикистон ҳамчун дӯсти Эмомалӣ Раҳмон шинохта мешавад, як навъи тозаи ангурро ҳосил кардааст ва раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафари ахираш ба хонаи ин боғдор онро “Президент” ном ниҳодааст. Дар шарҳи чигунагии ин ангур нашрия навиштааст, ки “он бо зебогии зоҳирӣ, қобили ҳамлу нақл будан ва ба муддати дуру дароз, ҳатто бидуни яхдон ҳифз шуданаш фарқ мекунад”. Ангури “Президент” 20% қанднокӣ дошта дар бозорҳо бисёр кам во мехӯрдааст ва ба навиштаи нашрия, нархи гароне доштааст.

Дар “Asia-Plus” ҳамчунин метавон матлабҳои “Стабильность в Афганистане – спокойствие соседей”, муаллиф Рашид Ғанӣ Абдулло, “Эпидемия добра...” дар мавриди ин ки чӣ гуна сокинони Душанбе ба мардуми солхӯрда ёриҳо расонидаанд ва ғайраро мутолиа кард.

“Фараж” дар сарсаҳфааш ду матлаб: яке бо номи “Сохтмони яхбаста” дар бораи солҳо то охир бунёду боз нашудани бинои ҳукумати шаҳри Леваканд ва дигаре бо номи “ГӮсоЛа” посухи сардабири нашрия Хуршеди Атовулло ба Муҳаммадиқболи Садриддин, масъули як сайти дар Тоҷикистон мамнуъро ҷой додааст. Хуршеди Атовулло дар ин посухаш менависад, ки “Ҳангоме туҳматномаи навбатии бузрише бо ному насаби “Муҳаммадиқболи Садриддин”-ро (бештар бо лақаби “гӯсола” маъруф аст) нисбати ҳафтаномаи “Фараж” ва кормандони он хондам, беихтиёр шеъре, ки ба наздикӣ дар “Фейсбук” хонда будам, ёдам расид” ва он шеърро меоварад. 

Дар идома сардабири “Фараж” мегӯяд, ки Муҳаммадиқбол “аз номи хонандагони нашрияи мо дар ноҳияи Масчо афсона бофтааст”. 

Ҷаноби Хуршеди Атовулло ба мухотабаш ихтор додааст, ки “Иқболи гӯсола! Ту на аз журналистика бӯйе бурдаӣ, на қонунҳои журналистикаро медонӣ, на ахлоқи журналистиро медонӣ ва на медонӣ, ки навиштаи бемуаллифу бе қаҳрамон метавонад сад ҷавобгарӣ ба сарат бор кунад. Аз ин рӯ, гӯсолачаи зардак, г...ҳи худатро хӯру ба журналистону журналистика кордор нашав! Вагарна пушаймон хоҳӣ шуд, ки чаро аз батни гӯсола баромадӣ!...”

Коммунисти № 1 дар ғами ҳайкалҳои Ленин

“Курсии Шабдоловро иваз намекунам” - мусоҳибаест, ки “Тоҷикистон” бо раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев анҷом додааст. Пешвои коммунистҳои тоҷик ба суоли рӯзноманигор доир ба шубҳаи бисёриҳо дар мавриди чӣ гуна тавонистаанд дар 6 рӯз 250 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ кунанд, посух додааст, ки “онҳо хато мекунанд. Мо ҷамъоварии овозҳо (манзур имзоҳо аст – “АП”) 6 сентябр оғоз кардем ва мушкиле надоштем. Ҳатто  вақте овозҳоро ба КМИР пешниҳод мекардем, боз овозҳои иловагӣ аз минтақаи Қӯрғонтеппа меомаданд. Ҳанӯз ҳам халқ нисбати коммунистон таваҷҷуҳ доранд”.

Раиси коммунистҳо ҳамчунин дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки Шодӣ Шабдолов, раиси пешини ҳизби коммунисти матин аст ва ҳаққи узвияташро месупорад, аммо "ҳоло ба китобнависӣ машғул аст ва ӯро ба кори ҳизб ҷалб намекунем, худамон таҷриба дорем".

Раиси коммунистҳо ҳамчунин дар ин мусоҳиба аз муносибаташ бо Эмомалӣ Раҳмон низ гуфтааст ва таъкид кардааст, ки ҳайкалҳои Ленинро дар 64 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон барқарор мекунем.

“Монополияи бозори орд”, “Ҷасади бепой” тафсилоти қатли Меҳрафрӯзи Холмирзои 19-сола, ки хабарнигори нашрия ба суроғи модараш рафтааст аз матолиби дигари қобили хондани ин ҳафтаи “Тоҷикистон” мебошанд.

Ҷузъиёти "Ҳаммоми Туркманистон" дар "СССР"

“СССР” дар ин шумораи худ матлаберо бо номи “Онҳо тоҷику русу ӯзбекро мекуштанд” бо аксҳои сершуморе нашр кардааст ва навиштааст, ки “сурат-факти қатли оми ҲНИ дар ҳамоми Туркманистон”.  “СССР дар шарҳи ин “сурат-факт” навиштааст: “Каллабурони ҲНИ, ки имрӯз Кабирӣ аз номи ин ҳизб дар Аврупо ҷавлон дорад, беш аз 200 нафарро танҳо аз 1 мавзеъи Ломаносов ва наздикиҳои ш. Қӯрғонтеппа, бе ягон ҷурм, гуноҳ, хатое ба “Баняи Туркманистон” ва “Подвали Обком” бурда, ба таври ваҳшиёна қатл кардаанд”.

Asia-Plus

Нашрия ҳамчунин  навиштааст, ки умедвор аст, “Аврупо, ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва сарпарастони Кабирӣ аз ин нафар суол мекунанд, ки ин ҷавонҳоро чаро ҳизбаш куштааст?”, ки мунтазири посух аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.