Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  имрӯз, дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”  мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрону Афғонистон  баргузор шудааст. 

Дар ин нишаст изҳори умед шудааст, ки ин мулоқот бояд ба сифати марҳилаи нави равобити дӯстӣ миёни се кишвари ҳамзабон қарор бигирад. 

Вазирони корҳои хориҷии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар  дар ин мулоқоти сеҷониба ба тавофуқ расидаанд, ки барои густариши равобити хубтар аз ҷониби се кишвар гуруҳи кории муштарак таъсис шавад. 

"Дар нишаст масъалаҳои ҳамкориҳои сеҷониба дар бахшҳои амният, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва зерсохтор, ҳамлу нақли транзитии мол, тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт барои Афғонистон баррасӣ шуданд",- омадааст дар хабарномаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон. 

Вазорати хориҷаи Эрон дар саҳфаи расмии Твиттераш навиштааст, ки "вазири умури хориҷаи кишвармон зимни баршумурдани аҳамияти ҳамкориҳои се кишвар дар эҷоди ҳамгароӣ ва субот дар минтақа, омодагии Эрон барои оғози ҳамкориҳои фарҳангӣ дар қолаби як барномаи амалиётиро эълом кард". 

Бино ба Твитти Вазорати хориҷаи Эрон, Сироҷиддин Муҳриддин  дар ин мулоқот "зимни ибрози эҳтиром ба фарҳанги ғании Эрон, иштирокоти фарҳангии се кишвар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистонро намунаи аълои ҳамгироии минтақаӣ донист ва бо ёдоварии ойини бостонии Наврӯз, пешниҳоди таърифи барномаҳои муштараки фарҳангӣ байн се кишварро ироа кард".

Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон се кишвари форсзабон дар Осиёи марказӣ ва Ҷануби Осиё ҳастанд, ки борҳо талоши ташкили як созмони ҳамкориҳои кишварҳои форсзабонро кардаанд, ки ҳамеша ба нокомӣ кашидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.