Дар пасманзари гармшавии ғайриинтизори равобити Тоҷикистону Эрон ва садорати имсолаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, дар доираҳои сиёсӣ ва коршиносӣ баҳсе матраҳ аст, ки имсол дар Душанбе Эрон узви ин созмон мешавад.

Ин мавзуъ дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон дар гузашта ва аз ҷумла соли 2017 дар Остонаи вақт дар муқобили пазируфтани Эрон ба узвияти СҲШ мавзеъгирӣ кард. Ин мавзеъгириҳои Тоҷикистон, пас аз ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015 дар Душанбе, ки мақомот муовини вақти вазири дифоъро бо ҳамдастии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ барои анҷом додани табаддулоти давлатии нофарҷом муттаҳам кард, буд. Бар пайи ин, Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар кишвар мамнуъ ва онро як созмони террористӣ унвон кард. Аммо, зоҳиран гӯё баъди даъват шудани раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба як конфронси исломӣ дар Теҳрон ва дар паҳлӯи ҳайати расмии Тоҷикистон ҷой додани ӯ, мояи нигаронии Душанбе шуд ва сардии равобит миёни ин ду шарики замоне стратегӣ, пайдо шуд.

Чаро маҳз дар Душанбе?

Имсол, Тоҷикистон раиси даврии СҲШ аст. Бархе аз коршиносон ишора мекунанд, ки Эрон барои равобит ва сиёсати хориҷаи Тоҷикистон як кишвари муҳим аст ва фурсат аст, ки Душанбе бо узви ин созмон кардани Эрон, як нуқтаи муҳиме барои оғози равобити дигарбораи танготанг бо ин кишвар эҷод кунад.

Аз сӯйи дигар, гармии равобити ду кишвар низ, ба иттифоқ уфтодани ин ҳодиса дар Душанбе далолат мекунанд. Зеро Тоҷикистон ба унвони як кишвари форсзабон, бояд тамоми талошро бикунад, ки маҳз Эрон дар Душанбе узви СҲШ шавад. Зеро замоне Тоҷикистон аз кишварҳои пештози узви ин созмон буд, ки ҳамеша талош дошт, Эрон тезтар ба узвияти СҲШ пазируфта шавад ва ҳамеша ин мавқеашро дар ҷаласаҳои созмон матраҳ мекард.

Тоҷикистон баъди даргириҳои марзӣ ва ба чолиш кашида шудани равобиташ бо Қирғизистон ва роҳбандиҳои даврони куруновирус, бештар аз ҳар замони дигаре ниёз ба кишварҳои ҳамкору ҳампаймон дар ҷануб ва ҷанубу ғарби Осиё дорад.  Аз сӯйи дигар, Эрон ба унвони як кишвари ҳамзабон ва ҳамсуннату ҳамфарҳанги Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳама сардиву мушкилоте, ки дар миёни ин ду кишвар иттифоқ уфтодааст, аз ҳар кишвари дигаре барои Тоҷикистон дар минтақа наздиктар аст.

Эрон ҳам, ба дунболи таҳримоти шадиди Амрикову кишварҳои ғарбӣ ва шикаст хӯрдани тарҳи Барҷом, ба дунболи созмоне мегардад, ки битавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ аз мавқеи ин кишвар пуштибонӣ кунад. Барои Эрон СҲШ яке аз ин гуна бистарҳоест, ки он ҷо ду қудрати ҷаҳонӣ – Русия ва Чин ҳузур доранд, ки дар баҳсҳои калони сиёсии дунё аксаран алайҳи ИМА-ву кишварҳои ҳампаймонаш ҳастанд. Аз ин рӯ, СҲШ барои Эрон аҳаммияти роҳбурдӣ дорад.


Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир шомилшавии Эрон ба СҲШ бешубҳа бурди калони дипломатии ин кишвар аст ва шонси калоне низ дорад. Зеро солаҳост ин кишвар пайваста талош мекунад, ки узвияти ин созмонро дошта бошад.

“Бояд гуфт, ки Эрон бо он равандҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён доранд, шарикии наздикро ҳам бо Русия ва ҳам бо Чин роҳ андохтааст ва узви комилҳуқуқи ин созмон шудани ин кишвар дар Душанбе бисёр рамзӣ ва хуб низ ҳаст. Чун дар солҳои қаблӣ Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки барои пазируфтани Эрон ба минҳайси узви комилҳуқуқи СҲШ иқдомҳои зиёде карда буд”,-мегӯяд Ризоён.

Шеваи рафтори СҲШ Эронро дилсард кард

Ҳарчанд бархе аз коршиносон масъалаи узви СҲШ шудани Эронро дар ҷаласаи сентябрии ин созмон дар Душанбе ҳалшуда медонанд, аммо таҳлилгари масоили Эрон, рӯзноманигори тоҷик Қосими Бекмуҳаммад инро аз эҳтимол дур медонад.

Ӯ барои тасдиқи ин иддаои худ чанд масъалаи асосиро пеш меорад.

Якум, ба гуфтаи ӯ, вақте дар моҳи июни соли 2017 дар нишасти Остона Покистону Ҳинд, ба унвони ду кишвари дар ҳоли низоъ ва ҳатто ҷанг ба узвияти комили СҲШ пазирутфа шуданд, бархе аз коршиносон зуд дар пайи тавҷеҳ ё асонок кардани ин иқдом шуданд ва онро ба вуҷуд доштани “зарфияти бузурги дипломатӣ” дар дохили созмон марбут донистанд. Вале “зарфияти бузурги дипломатии СҲШ” натавонист муносиботи миёни Исломободу Деҳлиро, ки то марзи даргириҳои хунин расид, ҳал кунад.

Ба таъкиди вай, тағйироте, ки дар оинномаи СҲШ дар соли 2010 ворид гардид ва тибқи он кишварҳои таҳти таҳрими Шӯрои амнияти СММ наметавонанд узвияти комили ин созмонро ба даст оваранд, маҳз барои Эрон гирифта шуда буд, зеро ҷуз он дигар ҳеч кишвари муддаии узвият мавриди таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ қарор надошт.


“Билохира дар моҳи июли соли 2015 Эрон бо кишварҳои шашгона (Русия, Чин, Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон) тавофуқномаи ҳастаӣ имзо кард, ки ба зоҳир роҳро барои вуруди комилаш ба СҲШ боз мекард. Аммо дар ин миён, Ҳинду Покистон пазируфта шуданд ва ин шеваи рафтор Эронро то ҳадди зиёде дилсард кард”,- мегӯяд Бекмуҳаммад.

 

Шубҳаҳо барои пазируфтани аъзои нави СҲШ

Эрон аз соли 2005 дар СҲШ нозир аст. Ин кишвар дар соли 2008 дархости узвияти комилро ба ин созмон рад карда буд. Аммо баъдан бар пайи таҳримҳои сахту ҳатто золимонаи кишварҳои ғарбӣ, дубора ба дунболи ҳомиёни тавоное дар сатҳи ҷаҳонӣ мегашт. Ин буд, ки ба далели аҳаммияти СҲШ ва алоқамандӣ ба узвияти комили худ, дар нишастҳои сатҳи олии ин созмон, тақрибан ҳамеша дар сатҳи раиси ҷумҳур ширкат мекард. Соли 2017 интизор мерафт, ки Эрон ба созмони мазкур шомил мешавад, вале дертар маълум шуд, ки Покистону Ҳинд узвияти СҲШ-ро ба даст оварданд. Ин кор дар ҳоле шуд, ки пештозҳои СҲШ – Русияву Чин  нақши Эронро ба унвони узви нозири ин созмон, ҳамеша мусбат арзёбӣ кардаанд.

Муҳаррири пойгоҳи таҳлилии “CABAR.asia”, сиёсатшиноси қирғиз  Наргиза Мураталиева мегӯяд, аз он ҷо ки солҳои ахир дар дохили ин созмон баъзе нотавониҳо муайян шуд, фикр намекунам, ки барои бештар кардани аъзои он имсол тасмим гирифта шавад. Пеш аз ҳама СҲШ баъди пазируфтани Ҳинду Покистон ба баъзе тағйироти дохилӣ ниёз дорад. Зеро як назарпурсии CA Brometer нишон медиҳад, ки дар соли 2019 дар Қазоқистон шумори ҷонибдорони ин созмон аз 74%-и баҳор ба 58% дар тирамоҳ расидааст.

"Баъдан пандемия ва низои Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ё он шева ба обрӯйи ин созмон, ба тавонмандии он барои вокуниши саривақтӣ ба чолишҳо ва ёфтани роҳҳалҳои гуногун,  таъсир гузоштанд. Дигар ин ки дар ҳоли боло гирифтани мухолифатҳои Чину ИМА ва ҳамзамон Русияву  ИМА, пазируфтани Эрон дар чунин шароит, метавонад усули ноҳампаймонӣ (“вне-блоковости”)-и СҲШ зери суол бигузорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ алоқаманди он  нестанд",- мегӯяд Муроталиева.

Ба ҷуз ин, ба назари ӯ нуқтаҳои заъифи институтсионалии СҲШ-ро ҳал нокарда, пазируфтани саросемавори аъзои ҷадид, ҳастаи асосии созмонро аз миён мебарад ва хатари ба як ниҳоди бешакл (аморфӣ) табдил додани онро эҷод мекунад.


 "Эрон СҲШ-ро нерумандтар мекунад"

Ба андешаи профессори эроншинос Сафар Абдуллоҳ, агар Эрон ба ин созмон бипайвандад, ин ниҳод нерӯмандтар мешавад ва барои Тоҷикистон боз беҳтар аст, ки ду кишвари ҳамреша, ҳамзабон, ҳамхун дар чаҳорчӯби ин созмон ҳамкориҳои танготанги иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангии хешро беш аз пеш тақвият кунанд.

Ба таъкиди ин донишманд, ҳаводиси охири муноқишаи марзӣ моро ҳушдор медиҳад, ки наздикони худро фаромӯш накунем ва ҳамеша барои ёрӣ ба якдигар омода бошем.

“Мо бо Эрон ба далели ягонагии забонӣ ва фарҳангӣ табиист, ки метавонем иртиботи танготанги бародарона дошта бошем. Имрӯз ки Эрдуғон дар садади иттиҳоди ақвоми туркизабон ва эҳёи “Тӯрони хаёлӣ” аст ва кишварҳои дигари ҷаҳон низ ба умеди фардои дурахшони хеш решаҳои хешро меомӯзанду сабақ мегиранд, мо бетардид бояд бо бародарону хоҳарони хеш, ба вежа дар Эрону Афғонистон ва Ӯзбакистону Покистону Ҳинд наздиктар шавем ва аз ҳоли якдигар огоҳтар бошем”,-мегӯяд профессор Абдуллоҳ.

Ҳама айб дар гардани Тоҷикистон набуд

Аммо Қосими Бемуҳаммад, далели то кунун узви СҲШ нашудани Эронро, танҳо мухолифати Тоҷикистон намедонад. Ӯ бо ишора ба кишварҳои боаҳаммиятари узви созмон, аз ҷумла Русия мегӯяд, ки сабаби ба узвияти комил пазируфта нашудани Эрон, нишон додани баъзе мухолифати кишварҳо дар дохили созмон буд, ки инро ба Тоҷикистон марбут донистану худро, ба истилоҳ, “бегуноҳ” нишон доданд.

“Аммо ӯ мегӯяд, он чӣ дар тӯли беш аз як даҳаи гузашта ба мушоҳида мерасад, ин аст, ки кишварҳои муҳиме монанди Русияву Чин аз масъалаи узвияти комили Эрон дар СҲШ ҳамчун фурсати муомила дар муносиботи ноҳамвори худ бо Амрико ва Ғарб истифода кардаанд, чӣ дар вазъияте, ки равобити нисбатан хубтаре бо Амрикову Ғарб доштаанд ва чӣ дар шароите, ки равобиташон мушкилу печидагӣ доштааст”.

Албатта як далели дигари мушкилоте, ки Эрон дар ҳоли ҳозир дорад, он аст ки, ин кишвар мехоҳад, дар бозиҳои минтақаӣ ва геополитикӣ бозигари мустақил бошад ва зери бори ҳеч кишваре наравад. Ҳамин хатарро дар СҲШ низ эҳсос мекунанд.

Ҳамин аст, ки ҷаноби Бекмуҳамад бо дар назар гирифтани мулоҳизоти кишварҳои Ховари Наздику Миёна, бахусус подшоҳиҳои арабии Халиҷи Форс аз сӯйи Русияву Чин, бар ин аст, ки “пазириши Эрон ба унвони узви комил ба ин роҳатӣ имконпазир нахоҳад буд”. Ба назари ӯ, ин кор замоне мумкин хоҳад буд, ки агар ягон кишвари дорои равобити мушкилу ноҳамвор бо Эрон, иддаои узвият кунад.

Сарфи назар аз ҳама дидгоҳҳову омилҳо, Эрон дар шароити имрӯз  ниёзи бисёре ба узвият дар СҲШ дорад. Бо узвият дар ин ниҳоди мантақаӣ, Эрон имкон ба даст меорад, ки дар мисоли кишварҳои узв  бистарҳои хубу гуворои иқтисодиву сиёсие пайдо кунад. Бо вуруди Эрон ба унвони як қудрати сиёсиву иқтисодии минтақаӣ имкон дорад СҲШ фаъолтар ва ҷиддитар шавад. Хусусан дар мавриди ҳаводис ва қазияҳои Ҷануби Осиву Ховари Миёна.  

Душанбе “таърихсозӣ” мекунад?

Мавқеи ҷуғрофиёӣ ва геополитикиву геоиқтисодии Эрон бидуни шакк ба пуртаъсиртар шудани СҲШ сабаб мешавад. Хусусан кишварҳои осиёимарказии узви созмон ба ин васила имкони бештаре барои раҳ пайдо кардан ба даҳлезҳои муҳими нақлётии хушкиву обӣ хоҳанд дошт.

Сарфи назар аз “таҷрибаи талх”-и равобити се-чор соли ахири Тоҷикистон бо Эрон, узви комилҳуқуқ шудани Теҳрон ба манфиати Душанбест. Зеро доштани як кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамтамаддун дар чаҳорчӯби созмон ба фоидаи Тоҷикистон аст. Тоҷикистоне, ки ранҷи равобити сард ва ҳадафҳои тамаддунии кишварҳои ҳамсояаашро дар ҳассостарин даврони истиқлоли худаш таҷриба кардааст. Ва ниёз дорад, ки ба унвони танҳо кишвари форсизабони Осиёи Марказӣ берун рафтанаш аз бунбасти иртибототӣ, танҳо ба кишварҳои ҳамсояи осиёмарказияш хулоса нашвад ва роҳҳои ҷойгузине ҳам дошта бошад.

Ин аст, ки агар Эрон дар Душанбе, узви СҲШ шавад, дар марҳилаи пасосардии равобити Теҳрону Душанбе ва авомили ҷиддии дигаре, ки монеъи узвияти Эрон мешаванд, ин кор як “таърихсозӣ”-е барои Тоҷикистон хоҳад буд. Таърихсозие, ки бояд мунтазир буд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.