Президенти Беларус Александр Лукашенко сафирони нави ин кишварро дар Тоҷикистон, Бразилия ва Ҷумҳурии Корея таъин кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории БЕЛТА.

Аз манфиатҳои Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко ҳимоят хоҳад кард. Ӯ баъди кор ба ҳайси муовини сардори Сарраёсат - сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Сарраёсати Русия, кишварҳои ИДМ ва ҳамгиройии авруосиёии ВКХ сари мансаби сафирӣ меояд.

Сергей Лукашевич сафири Беларус дар Бразилия ва Андрей Чернетский сафири ин кишвар дар Ҷумҳурии Корея таъин шуданд.

Александр Лукашенко бо таваҷҷуҳи хос ба интихоби номзадҳо ба вазифаи дипломатӣ ба вазири корҳои хориҷӣ Владимир Макей изҳор доштааст, ки “шумо мефаҳмед, ки дар таъини сафирон мо хато карда наметавонем”.

Вазири корҳои хориҷӣ итминон додааст, ки ҳама одамони комилан боэътимод ва мутахассисони ҳирфаӣ буда, номзадиашон ҳамаҷониба баррасӣ шудаааст ва дар ин робита дар сатҳҳои гуногун якчанд даври вохӯриҳо баргузор шуда, дар вазифаҳои қаблӣ низ онҳо хуб фаъолият доштанд.

Дар мавриди Тоҷикистон Александр Лукашенко таъкид кардааст, ки ин на танҳо як кишвари дӯст, балки сарвари давлати Беларус бо раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон дӯстии наздики шахсӣ дорад.

"Мо аз ҳамдигар қариб ҳеҷ сирре надорем. Инро сафари охирини серӯзаи ман низ нишон дод. Аз ин рӯ, кор кардан дар ин ҷо барои шумо осон хоҳад буд", - гуфтааст ӯ ба Виктор Денисенко.

Аз сӯи дигар, таъкид кардааст президент, барои рушди тиҷорат бо Тоҷикистон имконоти бузург мавҷуд буда, инчунин соҳаҳои мушаххаси дигарро низ метавон дар ҳамкорӣ илова намуд.

"Чизи асосӣ барои ҳар як сафир равобити тиҷоративу иқтисодӣ аст. Мо дар сиёсат бо Тоҷикистон ва инчунин бо дигар кишварҳое, ки шумо меравед, мушкиле надорем", - илова кардааст сарвари давлати Беларус.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.