Як фармондеҳи “Толибон” ба Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон даст накашад, нерӯҳои онҳо қодиранд дар як ҳафта  Тоҷикистонро забт кунанд. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ" - и Афғонистон бо такя ба як манбаи худ хабар медиҳад.

Рӯзи сешанбе, 2 август, як манбаи маҳалии ин рӯзнома дар вилояти Тахор афзудааст, ки Мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза, машҳур ба Мулло Ҷону, муовини аввали Қулурдуи 217-и умрии Толибон дар вилояти Тахор гуфтааст, нерӯҳои онҳо қодиранд дар як ҳафта Тоҷикистонро тасхир кунанд.

Гуфта мешавад, ӯ ин суханонро рӯзи гузашта, дар ҳузури вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон, ки ба Тахор сафар карда буд, баён кардааст.

Дар хабаре, ки рӯзномаи "8 субҳ" нашр кард омадааст, ки "муовини аввали Қулурдуи умрии Толибон ҳушдор дода ва афзудааст дар сурате ки ин кишвар даст аз  "мудохилаҳо дар умури дохилии Афғонистон накашад ва Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад, ин кишварро зарфи як ҳафта тасхир мекунанд".

Ӯ нахустин фармондеҳи паштутабор аст, ки ба кишвари Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Дар ин ҳол мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳушдори Мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза то ҳол вокуниш накардааст.

Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба “Толибон” барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.

Қаблан, Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ҷангу ҷиҳоди ин кишвар, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст, дар моҳи майи соли ҷорӣ дар хутбаи намози ҷумаъ гуфта буд, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон (Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон) пойгоҳ додаст ва ин амалан эълони ҷанг бо Афғонистон аст.

Ин изҳороти Ҳикматёрро чеҳраҳои расмии ҳукумати Толибон ба таври ошкоро ҳимоят накарданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи Толибон борҳо гуфт, ки онҳо иҷоза намедиҳанд аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад. Вале бархе аз доираҳои таҳлилӣ Ҳикматёрро “сухангӯйи ғайрирасмии Толибон” лақаб додаанд ва он замон гуфта буданд, ки ин изҳорот бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи чанд моҳи охир партоби чанд мушак аз ҷониби Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояааш Тоҷикистону Ӯзбекистон нигарониҳои хосро ба бор овардааст.

Зимнан Тоҷикистон дар пасманзари партоби мушакҳо аз ҷониби Афғонистон гуфта буд, ки қодир аст марзҳои худро аз ҳамлаҳои ногаҳонӣ ҳифз кунад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз камтарин ҳамсояҳои Толибон аст, ки аз замони ба сари қудрат омадани ҳукумати Толибон бо онҳо ҳеҷ робитае надорад ва ҳамеша хостори ҳукумати фарогир дар ин кишвар бо риояи талаботи ҳамаи ақалиятҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст. Интизор меравад, зери мафҳуми “мудохила ба умури дохилии Афғонистон” масъулини Толибон чунин мавқеъгирии Тоҷикистонро дар назар доранд.

Зимнан, дар конфронси байналмилалии Тошканд, ки яке аз нишастҳои муҳим барои Толибон арзёбӣ мешуду дар он як ҳайати баландпояи онҳо ширкат кард, ваъда карда буданд, ки ба кишварҳои ҳамсоя хатар эҷод намекунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.