Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти таҳияшуда аз ҷониби ҳукумат ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноии ҷумҳуриро, ки дар онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ва порадиҳӣ ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ба ҷарима пешбинӣ шудааст, маъқул шуморид.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Илёс Идрисзода изҳор намуд, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд шахсоне, ки барои содир намудани ҷинояти марбут ба порадиҳиву порагирӣ маҳкум шудаанд, метавонанд ба ивази пардохти ҷаримаи пулӣ озод карда шаванд.
Номбурда зикр кард, ки «ин пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистонро метавон иқдоми башардӯстона унвон кард».
Минбаъд шахсоне, ки аз ҷониби судҳои кишвар маҳкум шудаанд, бо пардохти ҷарима дар ҳаҷми 200 сомонӣ барои ҳар як рӯзи мутобиқи ҳукми содиршуда дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доштанашон, ба озодӣ баромада метавонанд.
Айни замон мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои додани пора ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, палатаи поёнии парлумон ҳамчунин оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноии ҶТ қарореро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он барои дастдарозӣ баҳри таҷовуз ба номус бо истифода аз эҳсосоти динӣ, ҷазо дар шакли аз 3 то 8 соли зиндон ҷорӣ карда мешавад.
Байден подписал закон о военной помощи Украине на $61 миллиард
Предприниматели Таджикистана и Италии подписали договора на более $160 миллионов
Таджикистан увеличил экспорт драгметаллов и камней в 1251 раз
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 апреля 2024 года
Где в Таджикистане сдать тест на ДНК и во сколько это обойдется?
В Душанбе проходит выставка художниц из «Мастерской Оро»
В Кабуле талибы захватили дом Захира Агбара и Абдулрашида Дустума
В Таджикистане предупредили о риске появления чумы
Эмомали Рахмон обсудил в Риме ход строительства Рогунской ГЭС
Началась Всемирная неделя иммунизации
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста
Шахрванд10 февраля, 2016 17:17
Боз як мушкилии дигар барои мардуми камбагал. Ба фикрам, ин микдор маблаг аз нигохи он шахсоне, ки маблаги калон пора мегиранд, гузошта шудааст. Духтурону муаллимоне, ки 800 сомони маоши мохона доранд ва чихати рузгузарони 20 то 30 мумкин пора гиранд, холи онхо чи мешуда бошад? Сад афсус.