Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вакилон тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар масъалаи сангинтар намудани масъулият барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷиро дастгирӣ карданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳо ба ҳимояи манфиатҳои аксари кулли аҳолии ҷумҳурӣ ва таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд.

«Нархгузорӣ ба беш аз 67%-и маҳсулоти воридотӣ аз хориҷа ба қурби пули миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА вобаста аст, - қайд кард Нуралиев. - Дар хараҷу мараҷе, ки ахири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ дар бозори мубодилаи асъори Тоҷикистон ба миён омад, дар баробари буҳрон соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор низ гунаҳкор буданд, ки бидуни риояи тартиботи маъмулӣ то 24 млн. доллари ИМА-ро ба муомилот бароварданд».

Дар тағйироти қабулшуда сангинтар шудани ҷавобгарии шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, аз ҷумла зиёд шудани ҷаримаву муҳлати таъқиб ва мусодираи асъори дар гардиши ғайриқонунӣ қарордошта пешбинӣ шудааст.

Масалан, мутобиқи тағйирот ба моддаи 286 КҶ ҶТ, барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, ки дар шахси қаблан барои ин кор дастдошта қайд шуда буду ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешуд, ҷарима ба маблағи аз 4 ҳазор то 7 ҳазору 320 сомонӣ ё ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ то 2 сол пешбинӣ гардида буд. Акнун ҷарима дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ то 14 ҳазору 600 сомонӣ ва маҳрумият аз озодӣ то муҳлати 2 сол муқаррар шуд.

Минбаъд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 20 ҳазор сомонӣ маблағи ҷарима аз 29 ҳазору 200 сомонӣ то 43 ҳазору 800 сомонӣ (қаблан -  аз 21 ҳазору 800 сомонӣ то 36 ҳазору 480 сомонӣ) ва муҳлати ҷазои маҳрумият аз озодӣ аз 4 то 6 сол (қаблан - аз 3 то 5 сол)-ро ташкил медиҳад.

Мутобиқи тағйироти қабулшуда, агар чунин қонуншиканиҳо аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва дар ҳаҷми зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ такроран содир шаванд, ҳаҷми ҷарима аз 51 ҳазору 80 сомонӣ то 65 ҳазору 680 сомонӣ (қаблан - аз 36 ҳазору 480 сомонӣ то 58 ҳазору 400 сомонӣ) ё муҳлати ҷазои зиндон аз 7 то 9 сол (аз 5 то 8 сол) муқаррар шудааст.