Дар рӯзи дуюми сафари расмӣ дар Арманистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (“Technology and Science Dynamics”)-и ин кишвар шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хос истиқбол гирифта, бо фаъолият ва дастовардҳои ширкат дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири илмӣ соли 1998 дар минтақаи озоди иқтисодии Арманистон таъсис ёфтааст. Он бо тадқиқотчиён, докторони илмҳои тиббӣ, номзадҳои илм, 27 ташкилоти академӣ, тиҷоратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории пурсамар дошта, корҳои тадқиқотию барномасозиро анҷом медиҳад.

Коргарону мутахассисон ва барномасозон дар бахшҳои муҳандисию технологӣ, биомуҳандисӣ, бахши судӣ-илмӣ, иктишофӣ, коркард ва тарҳрезии барномаҳои мухталиф, илмҳои компютерӣ ва дар соҳаи маориф ба тадқиқот машғул мебошанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои ин маркази иттилоотию коммуникатсионӣ дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек соядаст гузошт.

Рӯзи 15 июн баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ дар Арманистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ереван ба Ватан баргашт.