Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон имрӯз, 23-юми июн бо нашри як муроҷиатнома аз раисҷумҳур ва раиси палатаи болоии парлумон даъват ба амал оварданд, ки тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии (КҲМ) ҶТ қабул нагарданд, имзо нашаванд ва ба ҳукми қонун надароянд.

Онҳо бо изҳори нигаронӣ аз қабули тағйирот вобаста ба ҷавобгарии маъмурӣ барои паҳн кардани иттилооти бардурӯғ дар телевизион, радио, дигар воситаҳои ахбори омма ва интернет, ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд муроҷиат кардаанд.

Нусхаҳои ин муроҷиатнома ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Рустами Эмомалӣ, инчунин ба вакилони палатаи болоии парлумон ирсол шудаанд.

10-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ барои тағйирот даровардан ба КҲМ ҶТ ва Кодекси ҷиноятии ҶТ овоз доданд, ки ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаву меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳудуди кишвар дар замони эпидемия тааллуқ дорад. Моддаи 374-и КҲМ барои дидаву дониста паҳн намудани иттилооти бардурӯғ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, интернет ва дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ дар шароити пайдоиш ва паҳн гардидани бемориҳои барои инсон хатарнок ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ мекунад.

Дар муроҷиатнома таъкид шудааст, ки қабул ва ба ҳукми қонун даромадани ин тағйирот метавонад вазъи бе ин ҳам мушкили озодии суханро дар кишвар бад созад, сонсур ва худсонсуриро миёни идораҳои ВАО, рӯзноманигорону ҳимоятгарони ҳуқуқ афзоиш диҳад, инчунин дастрасии аҳолиро ба иттилоот оид ба паҳншавии бемориҳои хатарнок маҳдуд намояд, дар ҳоле ки шаҳрвандон ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот дар бораи сатҳи беморшавии аҳолӣ ва омилҳои ба саломатии онҳо таъсиррасонро доранд.

“Тағйирот метавонанд чун баҳона барои таъқиб ва ба ҷавогарӣ ҷалб кардани на танҳо ВАО ва рӯзноманигорон, балки фаъолони ҷамъиятӣ низ барои паҳн кардани иттилооте, ки шояд ҳамчун иттилооти дидаву дониста бардурӯғ тафсир шаванд, хизмат намоянд”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Конститутсияи Тоҷикистон, уҳдадориҳои байналмилалӣ, ки давлат онҳоро пазируфтааст ва қонунгузории миллии ҶТ ба ҳар як нафар озодии баён, матбуот, ҳуқуқи истифода аз воситаҳои ахборро кафолат медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии қариб ҳамаи созишномаҳои асосӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС) аст, ки ҳуқуқ ба озодии баёнро кафолат медиҳанд.

Кумита оид ба ҳуқуқи инсон дар мулоҳизоташ ба моддаи 19-и Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ зикр намудааст, ки озодии баён яке аз қувваҳои асосии ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад; он на танҳо нисбат ба “иттилоот” ё “ақидаҳо”-е истифода мешавад, ки дар ҷомеа муваффақона қабул мешаванд ё ҳамчун таваҷҷуҳи безарар ё нолоиқ баррасӣ мегарданд, балки нисбат ба онҳое низ истифода мегардад, ки ба ваҷд меоранд, озурда месозанд ё давлат ва ё қисми аҳолиро нигарон мекунанд. Ин шартҳо махсусан барои он муҳиманд, ки ба матбуот дахл доранд. Бар дӯши воситаҳои ахбори омма уҳдадории паҳн кардани иттилооту ақидаҳое гузошта шудааст, ки ба масоили манфиати ҷамъиятӣ марбутанд. Ин вазифаи воситаҳои ахбори оммаро ҳуқуқи ҷомеа ба гирифтани иттилооти зарурӣ ҳамроҳӣ менамояд.

Вобаста ба пандемияи сирояти коронавирус дар ҷаҳон, ИКОҲИ СММ Дастурамал оид ба мубориза бо COVID-19-ро таҳияву нашр намуд. Дар он зикр мегардад, ки фаъолияти ВАО ва рӯзноманигорон дар ин марҳилаи душвор рисолати махсус дорад – расонидани иттилооти воқеиву дақиқ ба ҳар як инсон, ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ба камбудиву мушкилоти мавҷуда, ки барои ин таъмини паҳнсозии иттилоот дар шаклҳои дастрас ва бо забонҳои фаҳмо муҳим аст. «Рӯзноманигорон ва ВАО бояд барои хабар додан оид ба пандемия имконият дошта бошанд, аз ҷумла, бидуни ягон тарсу сензура аз ҳукумат интиқод кунанд», - зикр шудааст дар дастурамал.

Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет бо нигаронӣ аз маҳдудиятҳои ба роҳ мондаи баъзе давлатҳо нисбат ба ВАО-и мустақил изҳор дошт, ки озодона паҳн кардани иттилоот барои мубориза бо COVID-19 ҳаётан муҳим аст. “ВАО-и мустақил дар дилхоҳ давру замон зарур буданд, вале мо ҳеҷ гоҳ ба онҳо тавре ниёз надоштем, ки дар марҳилаи пандемия дорем, вақте бисёр одамон аз бемор шудан ё маҳрум гардидан аз воситаҳои зинда мондан метарсанд. Иттилооти муътамаду дақиқ барои ҳамаи мо ҳаётан зарур аст. Ҳоло на вақти гунаҳгор кардани онҳоест, ки дар бораи навгониҳо хабар медиҳанд. Ба ҷойи таҳдид ба журналистону фишор барои танқид давлатҳо бояд баррасиҳои созандаи вобаста ба пандемия ва пайомадҳои онро васеъ кунанд. Одамон ҳуқуқ доранд дар қабули қарорҳое, ки ба ҳаёти онҳо дахл дорад, иштирок намоянд ва ВАО-и мустақил барои ин воситаи зарурӣ маҳсуб меёбанд. ВАО-и мустақил барои кормандони тиббӣ ва коршиносон имконият фароҳам меоранд, то озодона изҳори назар ва бо якдигар, умуман, бо ҷомеа табодули иттилоот кунанд”, - зикр кардааст ӯ. 

Дар зери муроҷиатнома намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва фаъолони Тоҷикистон имзо гузоштанд:

ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”

Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

ФҶ “Нотабене”

ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ”

ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон”

ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”

ТҶ “Дунёи ҳуқуқ”

Ассотсиатсияи “Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

ТҶ "Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон"

ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”

ТҶ “Машварати расонавӣ”

ТҶ “Хома”

ТҶ “Апейрон”

ТҶ “Мохи мунир”

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори мустақил

Аскар Турсунов, адвокат

Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигори мустақил

Ҷамшед Маъруф, рӯзноманигори мустақил

ҶДММ “Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон”

Хабаргузории “Авеста”

Меҳрангез Турсунзода, рӯзноманигор

Аъзам Акбаров, рӯзноманигор

Одил Нозир, сардабири рӯзномаи “Тоҷикистон”

Рамзия Мирзобекова, рӯзноманигор

Хилватшоҳ Маҳмуд, рӯзноманигор

Нигора Бухаризаде, рӯзноманигор

ТҶ “Ташаббуси шаҳрвандӣ барои сиёсати Интернет”