Мақомоти пулиси вилояти Маскави Русия се гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи этникиро, ки ба роҳзаниву ғоратгарӣ дар қаламрави вилоят машғул буданд, безарар гардониданд.

Як намояндаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав Борис Лаховский зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки ҳайати ду гурӯҳи он аз зодагони Тоҷикистон иборат будааст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша аксаран аз зодагони Озарбойҷону Доғистон ташаккул ёфта, дар ноҳияи Электростал ва Ногинск ба бонк ва мағозаҳои ҷавоҳирот ҳамла ва онҳоро ғорат мекардаанд.

Номбурда зикр кардааст, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи дуюм ва сеюм асосан аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, яке аз ин гурӯҳҳо дар Домодедово ва Люберси ва дигараш дар ноҳияи Пушкин ва Митиши ба роҳзаниву ғоратгарӣ машғул будаанд.