Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Русия дар умури Афғонистон, гуфтааст, ки танҳо дар сурати таҳдиди воқеии ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИ) аз Афғонистон ба кишварҳои узви СААД (ОДКБ) аз нирӯи низомӣ кор гирифта хоҳад шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Замир Кобулов изҳор намудааст, ки дар мавриди истифодаи кадом навъи нерӯҳо мақомоти низомӣ тасмим мегиранд.

Пештар аз ин ӯ зикр карда буд, ки Москва аз афзоиши ҷангҷӯёни ДИ дар Афғонистон ва талоши онҳо барои пайдо кардани нуфуз дар Осиёи Миёна нигарон шуда, борҳо мақомоти Кобулро аз фаъолшавии ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон огаҳ кардааст.

Гуфта мешавад, тибқи гузоришҳои расида аз Афғонистон, дар манотиқи шимоли ин кишвар, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухталиф, аз Толибон гирифта то ДИ таҷаммӯъ кардаанд.

Ёдрас мешавад, ки ибтидои моҳи августи соли 2015 хабар расида буд, ки роҳбари нави "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" Усмон Ғозӣ бо "Давлати исломӣ" байъат кардааст.