Суди Лефортовои шаҳри Маскав се нафар гумонбарон ба омода кардани амали террористӣ дар пойтахти Русияро ба ҳабс гирифт.

Бино ба маълумоти ТАСС, Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев то 11 октябр дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Давронзода ва Бурҳонов ба гуноҳашон иқрор шуда, Хоҷиев айбдориашро эътироф накардааст, менависад Лента.ру.

Хабаргузории «Интерфакс» бо истинод ба маводи дар суд садодода иттилоъ медиҳад, ки ҳар се боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар бораи ҳабси нафари чоруми гумонбаршуда алҳол маълумот дастрас нест.  Ҳамчунин метавон ба чунин хулоса расид, ки ӯ шаҳрванди Русия аст, зеро Хадамоти федералии амният қаблан дар бораи боздошти гурӯҳи иборат аз 1 нафар русиягӣ ва 3 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буд. Ному насаби русиягии боздоштшуда зикр намешавад.

Тибқи маълумоти хадамоти махсус, ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо истифода аз бомбаҳои пуриқтидор содир намудани як силсила амалҳои террористӣ дар Маскавро тарҳрезӣ намудааст. Ба ҳайати гурӯҳ ду террористи маргталаб, мутахассиси тайёр кардани дастгоҳҳои тарканда ва фиристода (эмиссар)-и «Давлати исломӣ» (фаъолияташ дар Русия манъ аст), ки фаъолияти онҳоро назорат мекардааст, шомил будаанд.

Хадамоти федералии амнияти Русия навори фавран сабтшудаи боздошти 4 нафар гумонбаршудагон ба терроризмро мунташир кардааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии РЕН ТВ.

Дар навор корманди фаврӣ зимни баҳодиҳӣ ба маводи тарканда аз боздоштшудагон изҳор мекунад, ки дар он маводи таркандаи пурхатар ошкор карда шудааст.