Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Россия сафар намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 6-уми феврали соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия маросими баимзорасонии Созишномаи мазкур баргузор гардид.

Баимзорасонии Созишнома бо қарори роҳбарони ИДМ ба Раиси Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳод, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва аз номи Ҳукумати Федератсияи Россия ба Вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев вогузор гардид.

Мавриди қайд аст, ки Созишномаи байналмилалии мазкур мавқеи ҳуқуқии будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнокро дар қаламрави Россия таҳким бахшида, ҷиҳати таъсис додани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари он мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни маросим ҷонибҳо муҳимияти чорабинии мазкурро қайд намуда, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.