Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба санаи 22 ноябр барзиёд иҷро ва 101%-ро ташкил медиҳад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон майор Ориф Нозимов.
Айни замон тақсимоти наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои ҳарбӣ идома дошта, аксари даъватшудагон аллакай савганд ёд кардаанд ва дар давраҳои омӯзишии сарбози ҷавон малакаҳои ҳарбӣ меомӯзанд.
Соли ҷорӣ афзоиши шумори ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ омадаанд, ба мушоҳида расид. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 1000 нафар ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмати ватан рафтанд.
Соли равон Комиссияи ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед
Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024
В Душанбе состоится выставка отечественных и зарубежных товаропроизводителей
Пыль из Сахары окрасила греческие Афины в оранжевый цвет
Huawei и «Коиноти нав» открыли первый в Таджикистане авторизованный учебный центр
В 2050 году население Центральной Азии превысит 100 миллионов человек. Что нас ждет?
Раиси: «От израильского режима ничего не останется, если он еще раз нападет на Иран»
Из озера в Душанбе извлекли тело молодого человека
Суд в Москве ужесточил наказание для таксиста, уроженца Таджикистана, по делу о госизмене и контрабанде
В Афганистане произошло громкое убийство влиятельного функционера «Талибан». Говорят, это послание всей группировке
В Исфаре селевой поток подтопил подвалы домов и подсобные помещения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста