Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи дастгоҳи шаҳрдорӣ дастур дод, ки ба маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон омодагӣ гиранд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, бо қарори раиси пойтахт, рисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе уҳдадор мешаванд, ки омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, то 25 марти соли 2019 шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд.

Мақомот ва сохторҳои дахлдор вазифадор мешаванд, ки барои гузаштани муоинаи пешакии тиббии даъватшавандагон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар мавриди даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта мешавад, бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо вазифадор карда мешаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ рӯйхати пурраи ҷавонписарони синну соли даъватиро дар муҳлати кӯтоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон, дастур дода шудааст, ки баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавононписарони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.