Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тӯли як ҳафта 3 ҳазору 871 ҳолатҳои қоидавайронкуниҳо дар роҳҳоро ба қайд гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, ин қонуншиканиҳо зимни рейди кормандони БДА-и шаҳри Душанбе ошкор гардида, дар ҷараёни он 6 ронанда ҳангоми идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ боздошт шудаанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба қонуншиканон дар ҳаҷми сесад нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима (16,5 ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 рӯз бо маҳрум сохтан аз идоракунии нақлиёти автомобилӣ ба муҳлати 5 сол ҷазо таъин мешавад.

Гуфт мешавад, дар ҷараёни рейдҳо 15 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, 4 ҳолат бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 114 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда, 74 ҳолати истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт , 24 ҳолати итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо, 12 ҳолати итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, 72 қоидавайронкунии сабқату манёвркунӣ ва 79 ҳолати рондани автомашина бо нагузаштани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳолатҳои қоидавайронкуниҳо дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон ва ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ ошкор шудааст.

Байни ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ 76 ҳолати худсарона баромадан аз хати сайр ва 376 ҳолати аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ошкор гардидаааст. Ҳамчунин 725 ҳодисаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон ва 1505 адад дигар қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.