Дар Бадахшон тамринҳои муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин анҷом ёфтанд. Дар бораи шумори иштирокчиёни машқҳо ва техника маълумот дода намешавад, лекин коршиносон онро бузургмиқёстарин дар таърихи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Чин арзёбӣ мекунанд.

Дар тамринҳо як баталйони сарбозону афсарони воҳидҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як ротаи махсуси Артиши халқии озодихоҳи Чин иштирок карданд. Ба ин машқҳо ҳама гуна навъи техникаи ҳарбӣ - воситаҳои нақлиёти зиреҳпӯш, танкҳо, артиллерия ва авиатсия сафарбар шуд.

Тамринҳо дар машқгоҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ доир гардиданд. Тибқи фарзияи машқ, хизматчиёни ҳарбӣ террористони эҳтимолии ба хоки Тоҷикистон воридшударо несту нобуд мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.