Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар тамринҳои муштараки низомӣ оид ба маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

“Тамринҳо ҳафтаи оянда оғоз гардида, муддати 5 рӯз наздики 200 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як қатор воҳидҳои Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон амалҳои таълимиву ҷангиро оид ба ошкор ва маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ дар мавзеъҳои кӯҳии дастрасиаш душвор дар вилояти Намангон мавриди омӯзишу таҷриба қарор медиҳанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён.

Қобили зикр аст, ки нахустин тамринҳои муштараки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 18-22 сентябри соли 2018 дар қароргоҳи маркази таълимии “Чоруқдаррон” ва машқгоҳи “Нурафшон” дар вилояти Суғд баргузор шуданд.

Он замон низ низомиёни ҳарду кишвар амалҳои муштаракро зидди гурӯҳҳои террористӣ мавриди омӯзиши санҷиш ва таҷриба қарор дода буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.