Дар машқгоҳи “Донгуз”-и вилояти Оренбурги Русия маросими тантанавии ифтитоҳи тамринҳои стратегии фармондеҳӣ-ситодии “Марказ-2019” баргузор шуд.

Дар ин маросим фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ генерал-полковник Александр Лапин, инҷунин намояндагони ҳайати раҳбарии низомии Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин иштирок карданд.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар тамринҳои мазкур халабонҳои ҳарбӣ, сарбозону афсарони нерӯҳои низомии хушкигард ва зудамал, дар маҷмӯъ се взвод намояндагӣ мекунанд.

Тамринҳои стратегии фармондеҳӣ-ситодӣ то 21-уми сентябр идома меёбанд. Дар тамринҳо масъалаҳои истифодаи гурӯҳи нерӯҳои ҳарбии эътилофи кишварҳо дар ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди тахрибкории байнулмлалӣ ва таъмини амният дар самтҳои стратегии минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди санҷишу амал қарор мегиранд.

Дар тамринҳои “Марказ-2019” наздики 128 ҳазор нафар сарбозону афсарон иштирок ва беш аз 20 ҳазор адад техникаи ҳарбиву муҳимот, инчунин ҳудуди 600 дастгоҳи парвозкунанда сафарбар мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.