Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз ба кордори сафорати Қирғизистон дар Душанбе ёддошти эътирозӣ супорид.

Бино ба маълумоти ВКХ ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон ба амалҳои Қирғизистон изҳори эътироз кардааст, ки дар қаламрави баҳснок бар хилофи мувофиқаҳои қаблан бадастомада сохтмони иншоотро шурӯъ намуд.

Зикр гардид, ки ҷониби Қирғизистон ба маҳалли ҳодиса 250-300 нафар афсарону сарбозонро фиристод, ки онҳо бар зидди сокинони осоиштаи деҳаи тоҷикнишини Баҳор аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Ин боис шуд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии шаҳрвандони осоишта ҷораҳои ҷавобӣ андешанд.

Дар натиҷаи амалҳои иғвоангези сарбозони қирғиз 3 низомии Тоҷикистон куштаву сокинони осоишта, аз ҷумла, занон ва 2 кӯдак захмӣ шуданд.

Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади риояи мувофиқаҳои зимни мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи июли соли ҷорӣ бадастомада, қотеона аз ҷониби Қирғизистон тақозо мекунад, ки аз амалҳои харобиовар дар хатти сарҳади давлатӣ худдорӣ кунад ва барои пешгирии иғвогарӣ чораҳои фаврӣ андешад. 

Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз дар қаламрави майдони варзишии Баҳори ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон рух дод. Зимнан 3 нафар афсару сарбозони Тоҷикистон кушта шуда, 5 низомӣ ҷароҳат бардоштанд. Ҳамзамон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, 1 марзбони қирғиз фавтида, 13 нафар низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷруҳ шудаанд.

1/7

Нота ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ имрӯз ба сафорати Тоҷикистон дар он кишвар ёддошти эътирозӣ супоридааст.

Зимнан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суҳроб Олимзода ба Вазорати корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя даъват шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон хабар медиҳад.

“Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Нуран Ниёзалиев ба роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Қирғизистон ёддошт супорид. Дар он нисбат ба амалҳои ғайриқонунии хизматчиёни ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, ки аввалин шуда, ба сӯйи постгоҳҳои “Максат” ва “Сой”-и Қирғизистон тирпаронӣ кардаанд, қотеона эътироз шудааст”, - омадааст дар матни ёддошт.

ВКХ Қирғизистон ҳамаи масъулиятро дар муноқишаи сарҳадӣ бар дӯши ҷониби Тоҷикистон вогузор кардааст.

“Ҳодисаи мазкур бо сабаби оғози сохтмони дидбонгоҳ дар қитъаи мувофиқанашудаи сарҳадӣ аз тарафи Тоҷикистон сар зад, ки бе мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон шурӯъ шуд. Ҳамаи масъулият барои шиддатёбии вазъ дар ноҳияҳои наздимарзӣ бар дӯши хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон вогузор мешавад”, - хабар медиҳад сомонаи ВКХ Қирғизистон.

Ба Asia-Plus муяссар нашуд, ки ин маълумотро дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек тасдиқ кунад. Дар он ҷо аз шарҳ худдорӣ варзида, гуфтанд, ки ба ВКХ Тоҷикистон муроҷиат кунем. Аммо кӯшиши тамос бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ натиҷа надод.

Посухи мақомоти қирғиз ба талаби тазоҳургарон

Иштирокчиёни намоиши эътирозӣ дар шаҳри Бишкек пас аз ду соати вақти барои баррасии талаботашон ҷудокарда аз ҳукумат ҷавоб гирифтанд. Талаботи эътирозгарон чунин буд:

- таъсиси комиссияи давлатӣ дар ҳайати собиқ раиси вилояти Ботканд Мамат Айбалаев, оқсақолони минтақа, намояндагони ВАО ва аҳли ҷомеа, фаъолон, вакилони кенешҳо (маҷлисҳо)-и маҳаллӣ;

- интиқоли пойгоҳи ҳарбии “Кант” ба вилояти Ботканд;

- инъикоси воқеъбинона ва саҳеҳи рӯйдодҳо дар ВАО;

- пешгирии қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баръакс тариқи вилояти Ботканд;

- таъмини шаффофияти кори комиссияи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад;

- додани мақоми махсус ба вилояти Ботканд, таъини раиси (губернатор)-и нав, васеъ кардани ваколатҳои ӯ;

- тақсим ва ба сокинони минтақа додани қитъаҳои замин дар қаламравҳои наздимарзии вилояти Ботканд;

- ҳалли масъалаи обёрӣ, таъминот бо обу нерӯи барқ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ;

- мутаваққиф кардани бунёди иншоот дар қитъаҳои баҳсии сарҳад.

Дар натиҷаи омӯзиши пешниҳодот, раиси Бунёди идораи моликияти давлатӣ Жилдизбек Исоқулов ва кормандони дастгоҳи ҳукумат ба эътирозгарон гуфтанд:

- Собиқ раиси вилояти Боткандро метавонем танҳо мушовир дар Комиссияи давлатӣ оид ба демаркатсия ва делимитатсияи сарҳадӣ дохил кунем. Дар сурати ғайр ҷониби Тоҷикистон низ талаб мекунад, то одами худро ба комиссия ворид созад.

Ба гуфтаи мансабдорон, расонаҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки вазъият дар сарҳадро холисона инъикос намоянд.

Исоқулов кӯчонидани пойгоҳи ҳарбии авиатсионии “Кант” ба Боткандро ғайриимкон донист: “Инро метавон танҳо бо розигии Русия анҷом дод. Инчунин яктарафа мо наметавонем аломатгузории сарҳадотро анҷом диҳем”.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.