Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо имрӯз, 5 август дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ аз тамринҳои низомии бузургмиқёси зиддитеррористӣ натиҷагирӣ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар фурудгоҳи Хоруғ зиёда аз 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, инчунин сарбозону афсарони эҳтиётии кишвар саф оростанд.

Вазири мудофиа омодагии ҳарбии сарбозону афсарони гарнизони Хоруғро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ба ҳайати шахсии дар машқҳои низоми иштироккарда изҳори сипос намуд.

Ӯ аз фармондеҳон қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо даъват кард, ки доимо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбии ҳайати шахсӣ, техника ва силоҳу муҳимоти низомӣ талош варзанд.

Мувофиқи фарзияи машқҳо, гурӯҳҳои сершумори террористӣ кӯшиш мекунанд, ки аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. Ин амал қисман ба онҳо муяссар мешавад. Вазифаи ҳайати шахсии дар тамринҳо иштирокдошта зада баргардонидан ва маҳви террористон буд.

Дар размоиш тарзи амалу рафтор ҳангоми ба иҳота гирифтани нерӯҳои терроризми байнулмилалӣ, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ даромадаанд, инчунин ташкили мудофиаи қаламрав, сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар таҷрибаи амалӣ санҷида шуданд.

Дар тамринҳои низомии зикршуда 10 ҳазор нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни гарнизони Хоруғ, инчунин сарбозону афсарони эҳтиётӣ аз ҳисоби шаҳрванони минтақа иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.