“Мушкиле нест, ки ҳал нашавад. Ҳама гуна масоилро метавон бо роҳи гуфтушуниди осоишта ҳаллу фасл намуд”, - изҳор дошт иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар мавриди вазъи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, дар робита ба муноқишаи рухдода дар сарҳад ӯ бо раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон Уларбек Шаршеев вохӯрда, ба муҳимияти ҳалли ҳарчи зудтари масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизист ишора кардааст.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ тадбирҳо бобати ба эътидол овардани вазъият дар сарҳади байни кишварҳо баррасӣ шуд. Жапаров қайд кардааст, ки ояндаи наздик бо сафари чандинрӯза ба вилоятҳои Ботканду Ош ва Ҷалолобод рафта, бевосита дар маҳалҳо бо ҳамаи мушкилоти вобаста ба сарҳад аз наздик шинос мешавад.

“Баҳри пешгирии муноқишаҳои минбаъда ҳалли ин масъаларо тӯл додан лозим нест. Сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бояд дар вазъи сулҳу субот зиндагӣ кунанд”, - таъкид доштааст Жапаров.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуот, Шаршеев зимни мулоқот вазъеро, ки рӯзи 25 октябр дар сарҳад ба амал омад, шарҳ додааст.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гузоштани қубурҳо дар қитъаи баҳсноки сарҳад оғоз намуданд. Ба талаботи чандинкаратаи сарҳадбонони Қирғизистон оид ба қатъи корҳо шаҳрвнадони Тоҷикистон эътибор надода, дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 2 тир ба ҳаво холӣ шуд. Айни замон корҳо қатъ гардида, бо ҷониби Тоҷикистон гуфтушунид ҷараён дорад, бо ҷалби ҳукумати маҳаллӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд”, - гуфтааст Шаршеев.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти изҳороти КДАМ Тоҷикистон, “сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд, ки дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд”.

“Онҳо даъво пеш меоранд, ки  маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - қайд мешавад дар изҳорот.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.