Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сурати таҳдиди мустақим аз самти Афғонистон ба ҳифзи марзҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу изҳори назар кардааст.
«Пойгоҳи мо дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ пуриқтидору тавоно аст ва албатта, агар лозим шавад, дар сурати хатари мустақим он ба ҳифзи сарҳадоти СААД ҷалб карда мешавад. Ҳамин чиз ба пойгоҳи мо дар Қирғизистон низ дахл дорад. Дар он ҷо низ чунин эҳтиёҷ ба миён омада метавонад ", - гуфтааст ӯ дар посух ба савол дар бораи тадбирҳои андешида ҷиҳати рафъи хатарҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон. Дар ин хусус Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.
Ҳамзамон Сергей Шойгу зикр кардааст, ки кишварҳои узви СААД аз лиҳози миқёс ва иқтидори мудофиавии худ наметавонанд бо Русия баробар бошанд ва дар самти Афғонистон ба кумак ниёз доранд, зеро ин ҷо дар ниҳояти кор доир ба амнияти ҳарбии Русия сухан меравад.
«Умедворем, ки созишномаҳои бо “Толибон” доштаамон амалӣ хоҳанд шуд. Аммо, бо хулоса аз таҷрибаҳои пешин, албатта, ба он комилан бовар кардан душвор аст. Ин корро бояд кард, то ин ҳама ба кишвари мо нарасад. Ва дар ин ҷо зарур аст, ки аъзои СААД-ро ҳамаҷониба дастгириву кумак кунем”,- иброз доштааст вазири дифои Русия.
Дар посух ба савол дар бораи хароҷоти молии Русия дар ин самт, ӯ чунин изҳор доштааст: "Агар дар бораи пул бигӯем, пас он ин гуна маблағе нест, ки бояд ҳангоми тасмими чунин корҳо дар бораи он фикр кунем".
Сергей Шойгу ҳамчунин илова намудааст, ки Маскав ва Душанбе барномаи муштараки дубора муҷаҳҳаз сохтани артиши Тоҷикистонро амалӣ мекунанд, аммо ҳоло зарурати тақвияти зарфияти ҷангии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба миён омадааст.
"Барнома бузург буда, тақрибан то соли 2040 пешбинӣ шудааст. Аммо ҳоло зарурати асосноке ба миён омадааст, ки натанҳо бо артиш, балки бо вазъи сарҳад ҳам машғул будан лозим аст”, - таъкид доштааст вазири дифои Русия.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Банк Эсхата» приглашает на внеочередное общее собрание акционеров
Как в условиях нехватки воды страны Центральной Азии экономят водные ресурсы?
В Согде таможенники предотвратили попытку контрабанды лекарств из Кыргызстана
На севере и юге Таджикистана зафиксированы сходы селей и камнепады
Сулеймана выписали из больницы после укола в миллион долларов
Более 30 иностранных вузов презентуют свои программы обучения таджикистанцам
Служба связи призывает мобильных операторов Таджикистана прекратить попытки повысить тарифы
Британия начнет отправлять нелегальных иммигрантов в Руанду
Сборная Таджикистана по дзюдо выиграла три бронзы на чемпионате Азии в Гонконге
Дэвид Кэмерон заявил, что Кыргызстан должен иметь право выбирать партнеров
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста