Русия дипломати Толибонро ба унвони кордори муваққати Афғонистон ба расмият шинохт. Чин чанд дипломати ин гурӯҳро барои сафорати Афғонистон дар Пекин ҷо ба ҷо кард. Ҳамсояҳои дигари Осиёи марказии Тоҷикистон ҳам тамосҳои гарме бо Толибон доранд. Туркманистон сафорати Толибонро эътироф кард. Ӯзбакистон аз оғоз бо Толибон тамосу ҳамкориҳое дорад.

Дар ҷамъи ин кишварҳои ҳампаймон танҳо Тоҷикистон аст, ки ҳеч тамосе бо Толибон надорад. Ин як манзаре буд, ки аз оғози ба қудрат расидани "Толибон" пешбинӣ мешуд. "Азия-Плюс" пас аз ба ин ҷо кашидани ҳамкорӣ бо як гурӯҳи террористӣ (Толибон дар тамоми ин кишварҳои гурӯҳи террористӣ эътироф мешавад ва расман мамнуъ аст), ду суолро дар пешорӯйи коршиносони кишвар қарор дод:

1. Пас аз эътирофи дипломати Толибон аз сӯйи Русия, манофеи миллии Тоҷикистон дар баробари Толибон чӣ мешавад?

2. Оё кишварҳои ҳампаймонаш манофеи миллии Тоҷикистонро дар хатар нагузоштаанд?

Ин навбат посухҳои коршиноси масоили Эрону Афғонистон Қосим Бекмуҳаммадро аз ин силсила пешниҳод мекунем:

Дар ибтидо бояд гуфт, ки дар масъалаи ба расмият шинохтани ҳукуматҳо унсури муҳим ин аст, ки то куҷо онҳо дорои машруъиятанд. Маъмулан ҳукуматҳо аз роҳи фарояндҳои демократӣ (интихобот, ҳамапурсӣ), инқилоб ва ё табаддулоти давлатӣ иваз мешаванд. Он чӣ дар Афғонистон иттифоқ афтод ва боъиси ба қудрат расидани Толибон шуд, бо ҳеч як аз ин меъёрҳо созгор нест. Гузашта аз он, Толибон қонуни асосии худро надоранд ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушаххас нест, ки мабно ва асоси ҳукуматдории онҳо аз чӣ усулу арзишҳое иборат мебошад. Идораи кишвар бидуни қонуни асосӣ ва он ҳам дар қарни 21 воқеан як иттифоқи хеле нодир аст.

Бо вуҷуди ин ҳама, бахше аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидону ҳампаймони Тоҷикистон, монанди Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо ҳар тавҷеҳу баҳона вориди муъомилаҳои ошкору пинҳон бо Толибон шуданд, ки пардохтан ба ҷузъиёти он зарурат надорад, зеро рӯзномаи шумо дар ин маврид зиёд навиштаву хонандагонатон ҳам бо ин мавзуъ ошноянд.

Манофеи миллии Тоҷикистон дар баробари Толибон аз чӣ иборат аст? Ин манофеъ маҷмуъе аз масоили сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳувиятиро фаро мегирад. Дар заминаи сиёсӣ мо ба равобити дӯстона ва ҳусни эътимод бо Афғонистон ниёз дорем. Асосу мабнои ин равобитро даҳҳо санад ташкил медиҳад, ки аз сӯйи ҳукумати қаблии Афғонистон ба имзо расидааст, ҳукумате, ки Толибон онро номашруъ медонанд. Пас асноди имзошуда тавассути ин ҳукумат мантиқан беэътибор мебошад, ки ба лиҳози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мушкилоти зиёдеро дар равобити имрӯзу ояндаи Афғонистон бо ҷаҳони хориҷ ба бор хоҳад овард.

Аз назари манофеъи амниятии Тоҷикистон моҳияти таҳдидоти мавҷуд аз Афғонистон тағйир накардааст. Гурӯҳҳои ифротӣ ва террористие, ки солҳои сол дар Афғонистон вуҷуд доштанд, ҳамчунон бар ҳузури худ дар ин кишвар идома медиҳанд. Ба истиснои ДОИШ, ки гоҳу ногоҳ даргириҳое байни Толибон бо он рух медиҳад, созмонҳои дигари ваҳшатафкан бо Толибон мушкили хосе надоранд. Бақои онҳо дар Афғонистони толибонӣ ба хотири чист ва барои кист? Пас ҳама чиз бо тазмини феълии амнияти нисбии марзҳои Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, хулоса намешавад. Яъне таҳдиди билқувва ҳамчунон вуҷуд дошта ва ҳар замоне, ки салоҳ дониста шавад, ё бо иродаи худи Толибон ва ё ҳомиёни онҳо ба кор гирифта хоҳад шуд. Пас дар ин замина мо ниёз ба тазмину кафолати ҷиддии амнияти миллии худ аз сӯйи Афғонистон дорем, ки феълан ба далели мушкилоти ёдшуда, қабл аз ҳама машруъияти байналмиллалӣ наёфтани ҳукумати Толибон, қобили иҷро нест. 

Вазири хориҷаи Русия бо вазири хориҷаи Толибон
Акси бойгонӣ

Дар мавриди манофеъи иқтисодӣ бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳузури фаъол дар тарҳҳои мухталифест, ки аз тариқи Афғонистон анҷом хоҳанд шуд. Ин тарҳҳо дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва ғайра вуҷуд доранд ва илова бар он, Афғонистон яке аз масирҳои дастёбии мо ба бандарҳои баҳрӣ ва бозорҳои ҷаҳонист, ки ин масъала низ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Пайвандҳои фарҳангӣ ва ҳувиятии Тоҷикистон бо Афғонистон ба далели таърих, тамаддун ва забони муштарак, махсусан сукунати миллионҳо тоҷик дар ин кишвар, ногусастанист. Ҳувияти тамаддунии Афғонистон мадюни нақши бебадили тоҷикон аст, ки нодида гирифтани он паёмадҳои манфиеро дар пай хоҳад дошт. Ба ин далел аст, ки тайи ним соли ахир раиси ҷумҳури Тоҷикистон борҳо бар зарурати ташкили ҳукумати ба лиҳози сиёсӣ ва қавмӣ фарогир дар Афғонистон ва ҳузури шоистаи тоҷикон дар  он таъкид доштааст. Пӯшида нест, ки тоҷикони Афғонистон ба кишвари мо чашми умед доранд, ки на танҳо набояд ин нуктаро фаромӯш кард, балки батадриҷ аз он ба унвони абзори муассир барои нақшофаринӣ ва таъмини манофеъи миллӣ низ баҳрабардорӣ намуд.

Хулоса, бо таваҷҷуҳ ба анҷоми муъомилаҳои ошкору пинҳони бархе аз қудратҳо ва кишварҳои минтақа бо Толибон барои фароҳам кардани фурсати ба расмият шинохтани онҳо, Тоҷикистон низ бояд ба ин гурӯҳ паёмҳои рушанеро дар робита ба манофеи миллии худ бидиҳад. Воқеияти саҳнаи Афғонистон ин аст, ки қудратҳои бартари дунё ҳадди ақал дар чашмандози наздик қасди ҳазинаву харҷ кардан  барои ин кишварро надоранд. Чӣ ба маънои кумак ба Толибон ва чӣ ба маънои ҳимоят аз мухолифони Толибон. Яъне Афғонистон дигар мавзуъи доғу муҳимми байналмиллалӣ нест. Ин бадон маъност, ки ҳадди ақал солҳои наздик Афғонистон ба Толибон вогузор хоҳад шуд.

Бинобар ин, мо низ ногузирем ин воқеиятро дар назар дошта бошем ва саъй кунем то ҳам манофеи миллиамонро дар робита бо Афғонистон таъмин намоем ва ҳам осебҳои эҳтимолии онро ба ҳадди ақал расонем. Ин ҷост, ки шояд ниёз ба барқарории сатҳе аз тамос бо Толибон пеш ояд. Албатта, Толибон борҳову борҳо паёмҳои, ба истилоҳ, “ҳусни ният” ба Тоҷикистон додаанд, аммо мавқеи ҳукумати мо дар масоли усулӣ собит ва қотеъ будааст. Бинобар ин, масъалаи тамос бо Толибон ба маънои қадам бардоштан дар масири ба расмият шинохтани онҳо набуда, балки тадбире барои ҳифзи манофеъи миллӣ дар шароиту муҳитест, ки тақрибан ҳама ҳамсояҳоямон ба сӯйи Толибон оғӯш боз кардаанд.

Иқдомоти чӣ Русия ва чӣ кишварҳои минтақа барои таъомулу ҳамкорӣ бо Толибон, мутаассифона, бори дигар нишон дод, ки манофеи миллии кишварҳои муттаҳид ва ҳампаймони Тоҷикистон бар манофеи муштаракашон бартарӣ дорад. Ин нуктаро бояд мадди назар дошт ва аз шароит тавре истифода кард, ки манофеъи миллии Тоҷикистон зиён набинад. Зеро бархе аз шарикони дуру наздики мо хоҳони идомаи “ихтилофи байни Толибон ва Тоҷикистон” ҳастанд то худро дар чашми Толибон “дӯсти ҷонӣ” нишон диҳанд ва аз ин вазъият суду баҳраи бештаре ба даст оранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.