Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029 тасдиқ шуд. Он ба ҳалли яке аз масъалаҳои хеле муҳим барои кишвар - норасоии оби тоза (ошомиданӣ) нигаронида шудааст.

 

Барномаи нав барои чӣ лозим аст?

Дар Тоҷикистон танҳо 41%-и аҳолӣ ба системаҳои таъминот бо об ва ҳамагӣ - 15% ба системаҳои обу корез (канализатсия) дастрасӣ доранд. Вазъият бахусус дар деҳот душвор аст: танҳо 22% бо об таъмин буда, системаи рафъи обҳои партов (обпарто) ё худ обу корез вуҷуд надорад.

Аксарияти одамон дар деҳот маҷбуранд, ки аз чоҳу чашма ва ҳатто аз оби борон истифода баранд. Дар ҳамин ҳол, тағйироти иқлим, аз ҷумла хушксоливу обхезӣ ва бад шудани сифати об, вазъиятро боз ҳам душвортар месозанд. Барои бартараф намудани ин мушкилот ҳукумат барномаи панҷсоларо роҳандозӣ мекунад.

 

Сурат: Asia-Plus

 

Системаи оби Тоҷикистон чӣ гуна тағйир меёбад?

Барнома ҳамаи масоилро фаро мегирад: аз сохтмони системаҳои нави таъминот бо обу низомҳои обу корез то бозбиниву навсозии қонунгузорӣ.

Дар солҳои наздик дар даҳҳо шаҳру навоҳӣ системаҳои таъминот бо об ва обу корез сохта ва таъмиру навсозӣ мешаванд. Ҳамчунин меъёрҳои беҳдоштӣ (санитарӣ) ва сохтмон бозбинӣ ва дастгоҳҳои муосири обҳисобкунӣ ҷорӣ гардида, сатҳи касбии мутахассосин такмил дода мешавад. Барои беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ маъракаҳои иттилооти бузургмиқёс гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин, системаи ягонаи миллӣ бунёд мегардад, ки дар он маълумоти муҳиму рӯзмарра оид ба тамоми зерсохтори марбут ба об ҷамъоварӣ карда мешавад.

Дар барнома ҳамагӣ зиёда аз 18 самти корҳо бо шумули кор бо расонаҳо (медиа), таълиму омӯзиши ҳайати кормандони, навсозии таърифаҳо (тарифҳо) ва беҳтар намудани идоракунии соҳа пешбинӣ шудааст.

 

Зиёда аз 3 млрд сомонӣ ба ислоҳот дар соҳаи об

Амалисозии барнома маблағгузори зиёдро талаб карда, буҷети он зиёда аз 3 млрд сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳо аз манбаъҳои гуногун ворид мешаванд: 295 млн сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, 144 млн сомонӣ - аз буҷетҳои маҳаллӣ, зиёда аз 2,3 млрд сомонӣ - аз шарикони байнулмилалӣ ва маблағи боқимонда - аз бахши хусусӣ ва худи истифодабарандагон.

Сурат: Asia-Plus

Хароҷоти асосӣ - зиёда аз 1 млрд сомонӣ ба сохтмони системаҳои нави таъминот бо об ва обу корез ва боз қариб ҳамин қадар - ба навсозии зерсохтори кӯҳна равона мешавад.

 

Чӣ гуна корҳо анҷом дода мешаванд?

Барномаи давлатӣ барои ҳамаи қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ шудааст - аз пойтахт то ноҳияҳои дурдасти деҳот. Дар маблағгузорӣ бо назардошти вазъияти зерсохтор, теъдоди аҳолӣ ва дастрасӣ ба об, талаботи ҳар кадоме аз минтақаҳо ба инобат гирифта шудааст. Ҳамагӣ барои таъмиру навсозӣ, сохтмон ва дастгирии техникӣ дар доираи барнома зиёда аз 3 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағҳои нисбатан бештар барои таъмиру навсозии системаҳои аллакай мавҷудаи таъминот бо об ва обу корез барои шаҳру навоҳии зерин пешбинӣ шудааст:

- Душанбе – зиёда аз 45 млн сомонӣ барои таъмиру навсозии таъминот бо об ва 49 млн сомонӣ - барои таъмири системаҳои обу корез;

- Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) – ҳудуди 194,8 млн сомонӣ барои системаи нави таъминот бо об ва 244,9 млн сомонӣ барои системаи нави обу корез;

- Ноҳияи Ҷаббор Расулов – зиёда аз 201,6 млн сомонӣ барои системаи таъминот бо об ва 224,5 млн сомонӣ барои системаи обу корез;

- Данғара – зиёда аз 124 млн сомонӣ барои сохтмони системаҳои нави таъминот бо об;

- Фархор – ҳудуди 108,5 млн сомонӣ бо ҳамин мақсадҳо.

Ба шаҳру навоҳии Ашт, Левакант, Хуҷанд, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Кӯлоб, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Хоруғ, Шахритӯс, Мастчоҳ ва дигар шаҳру навоҳӣ низ ба ин монанд маблағҳои нисбатан зиёд ҷудо карда мешаванд.

Сурат: Asia-Plus

 

Оби нӯшокӣ меъёр мешавад?

Агар барнома ба таври пурра амалӣ гардад, то охири соли 2029 вазъият ба куллӣ тағйир ёфта, 72%-и аҳолии кишвар метавонанд ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин қариб ду маротиба бештар аз нишондоди имрӯза мебошад. Системаи обу корез ба ҷойи 15%-и имрӯза 30% аҳолиро фаро хоҳад гирифт.

Сифати хидматрасониҳо беҳтар ва васеътар шуда, меъёрҳои нави беҳдоштӣ ва хидматрасонӣ, барномаҳои таълимӣ рӯйи кор меоянд. Соҳа барои сармоягузорӣ бештар ҷолиб гардида, оилаҳои камбизоат ба дастгирии давлатӣ умед баста метавонанд.

Ғайр аз ин, низоми миллии мониторинг ва иншооти муосири поккорӣ бо шумули ҳалли масоили ғайримутамарказ барои маҳаллаҳои аҳолинишини дурдаст бунёд мешаванд.

 

Дар деҳаи мо ҳам об мешавад?

Сохтмони системаҳои нави таъминот бо об дар зиёда аз 40 шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Лахш, Нуробод, Рашт, Мурғоб, Рӯдакӣ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Ашт, Левакант, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Айнӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Сурат: Asia-Plus

Системаҳои нави обу корез ё худ рафъи обҳои партов аз ҷумла дар ноҳияҳои Рашт, Рӯдакӣ, Фархор, Ховалинг, Муъминобод, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва ғайра бунёд карда мешаванд.

Ин маънои онро дорад, ки дар даҳҳо нуқтаи кишвар аз сифр зерсохтори муосири муҳандисӣ сохта мешавад.

 

Дар Душанбе чӣ тағйир меёбад?

Пойтахт аллакай ҳозир дар таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ пешсаф буда, сатҳи фарогирӣ тақрибан 95%-ро ташкил медиҳад ва тақрибан 70%-и сокинон аз хизматрасониҳои обу корез истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, дар ин ҷо низ вазифаҳои таъмиру навсозӣ ва тавсеъа ҷой доранд.

Дар шаҳри Душанбе барнома на танҳо ба навсозии техникии шабакаҳо, балки ба ҷорӣ кардани меъёрҳои муосири идоракунӣ равона хоҳад шуд. Барои навсозии системаи обтаъминкунӣ дар пойтахт 45,6 млн сомонӣ ҷудо мешавад, ки қисми зиёди он, яъне 38 млн сомонӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин 49,8 млн сомонӣ, барои таҷдиди системаи рафъи обҳои партов равона гардида, дар ин самт низ ҳиссаи зиёди сармоягузорӣ аз хориҷа таъмин мегардад.

Илова бар ин, дар шаҳр меъёрҳои нави хидматрасонӣ ҷорӣ гардида, ҳисобкунакҳои муосир ва системаи худкори ҳисоббарорӣ насб мегарданд. Сатҳи тахассусии кормандони хадамоти об такмил дода мешавад, аз ҷумла тавассути иштирок дар маъракаҳои иттилоотӣ ва таълимӣ.

Сурат: Asia-Plus

 

Чӣ метавонад ба ислоҳот халал расонад?

Мушкили асосӣ саривақт ҷудо нашудани маблағҳо аст. Агар маблағ саривақт дастрас нагардад, муҳлатҳо метавонанд ба таъхир афтода, баъзе чорабиниҳо амалӣ нашаванд. Аз ин рӯ, ҳамаоҳангсозии дақиқ миёни ҳамаи иштирокчиён - давлат, мақомоти маҳаллии ҳокимият, сармоягузорон ва шаҳрвандон зарур аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.