Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон бори нахуст дар тӯли солҳои истиқлолият ҳаҷми музди миёнаи меҳнат аз 100 доллари ИМА зиёд шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори кишвар хабар доданд, ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон 472 сомонӣ (тақрибан 103 $)-ро ташкил додаст, ки нисбат ба моҳи феврал дар ифодаи номиналӣ ба андозаи 12% бештар аст.

Ба иттилои манбаъ,  сатҳи музди меҳнати воқеъӣ (бо назардошти таваррум) дар моҳи марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 13,4% афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон дар Қазоқистон – 595, Ӯзбекистон – 326, Туркманистон – 200 ва Қирғизистон – ҳудуди 158 доллари ИМА-ро ташкил дода, музди миёнаи меҳнат дар Украина ба 318, Белорус – 513, Русия – 805 ва Озарбойҷон - 440 $ баробар аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар давраи аз моҳи март соли 2010 то марти соли 2011 каме бештар аз 12%-ро ташкил додаст.

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал, ки дар Тоҷикистон ба 80 сомонӣ (18$) баробар аст, дар қаламрави пасошӯравӣ яке аз нишондиҳандахои пасттарин аст.

Музди меҳнати аз ҳама бештар дар бахши молияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми миёнаи он 2195 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, феълан музди миёнаи меҳнати мансабдори тоҷик каме бештар аз 500 сомонӣ (111 $)-ро ташкил медиҳад. Хизматчии давлатии дараҷаи олӣ беш аз 2 ҳазор сомонӣ маош гирифта, ҳаҷми маоши заминавии хизматчии давлатии зинаҳои поёнӣ ба 350 сомонӣ баробар аст.