Тибқи шикояту дархостҳои сокинони шаҳри Душанбе дар сомонаи «www.mometavonem.tj», ки ба хизматрасониҳои коммуналии сокинон равона шудааст, маълум гардид, ки 95% сокинони пойтахт аз норасоии оби нушокӣ азъият мекашанд. Ин дар ҳолест, ки бо пешниҳоди президанти Тоҷикистон  Эмомоалӣ Раҳмон дар кишвар соли  2013-2015 соли «Оби тоза» эълон гардид ва мақсади асосии он таъмини оби тоза ва рафъи норасоии об дар ҳудуди кишвар мебошад.  

Аз рўйи нишондодҳои омории ин сомона маълум гашт, ки аз сентябри соли 2012 то ҳамин давраи соли 2013 танҳо дар шаҳри Душанбе ба миқдори 200 аризаю шикоят ба Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ворид шудаанд. Сокинони шаҳр бар он назаранд, ки мушкилоти норасоии об дар саросари кишвар вуҷуд дорад, аммо, ба андешаи оно,  ҳадди ақал дар ҳудуди пойтахт он боядрафъ гардад.

Барои бештар равшанӣ андохтан ба ин масъала Хабаргузории «Азия-Плюс» ба чанд тан сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат кард. Шаҳиди Алишер, истиқоматкунандаи кӯчаи Неъмат Қарабоев дар суҳбат изҳор дошт, «муддатест, ки ҳамсоягони мо аз набудани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Фишори об паст аст ва он бо реҷаи муайян - дар як рӯз 3 соат дода мешава. Фурсати ҷудошуда барои  анҷом додани корҳои хона намерасад. Аз ин рў, мо чанд маротиба ба КВД-и «Обу корези Душанбе» муроҷиат кардем, аммо мушкиламон ҳалли худро наёфт.

Алишер Шаҳидӣ амчунин бо ёдоварӣ аз Форуми байналмиллалии «Оби тоза», ки чанде пеш дар пойтахти кишвар баргузор гашт, қайд кард, ки об аслан он рӯзҳо тоза набуд. Аз ин рӯ, зарурати баргузории форуми мазкурро таҳти суол монд.

Истиқоматкунандаи маҳаллаи Гипрозем-36 П.А. (аз зикри номаш худоркард), ки борҳо ба КВД «Обу корези Душанбе» муроҷиат кардаст, ҳамчунин дар суҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» аз норасоии об шикоят карда гуфт, вақте кормандони ин сохтор мушкили мазкурро ҳал накарданд, маҷбур шуд, ки дастгоҳи обтаъминкунӣ (насос) харад.

«Чун ин дастгоҳ танҳо бо барқ кор мекунад, дар интиҳои моҳ маблағи барқи истифодашуда якбора баланд мешавад. Масалан, агар ман  пештар барои истифодаи об дар як моҳ 40 сомонӣ месупоридам, ҳоло ҳаҷми маблағи пардохтшаванда то ба 80 сомонӣ мерасад», - шикоят кард ҳамсӯҳбатамон.

Аммо раиси КВД «Обу корези Душанбе» Фозилхон Исупов бо итминон мегуяд, ки аҳолии пойтахт бо гуноҳи худ аз норасоии об танқисӣ мекашанд. «Самаранок истифода набурдани об ва ба қубурҳои обгузар партофтани ашёи нолозимӣ боиси камбуди об дар биноҳои истиқоматӣ мегарданд», - таъкид дошт Исупов.

Ӯ гуфт, чанде пеш дар вохӯрӣ бо хабарнигорон ҳам ин масъаларо таъкид дошта буд ва зикр дошт, ки аз теъдоди умумии аҳолии пойтахт танҳо 2% бо проблемаи камбуди об дучор мешаванд.

Тавре дар сомонаи www.mometavonem.tj омадааст, аризаву  шикоятҳо оиди мушкилоти об бештар аз сокинони  маҳаллаҳои  Ҳ. Шерозӣ, С.Шерозӣ, С. Айнӣ ва Неъмат Қарабоев, ба назар мерасад.

Тибқи омори сомонаи мазкур, ба КВД «Обу корези Душанбе»  аз 2 феврали соли 2012 то 19 сентябри соли ҷорӣ  696 адад аризаю шикоят ворид гашта, 695-тои он иҷро шуд. Ҳама гуна мушкилие, ки ба  об вобаста аст, моҳҳои июлу августи соли ҷорӣ афзоиш ёфта, дар моҳи сентябр роҳи ҳалли худро ёфтаанд.