Санаи 16.07.2015 сол соати 1:45 бо ҳавопаймои махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия шаш нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Қалъаи Хумб ва Панҷи кишваранд, аз шаҳри Санъои Ҷумҳурии Яман ба шаҳри Москва оварда шуданд.
Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, шаҳрвандонро кормандони масъули Хадамоти консулии афорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешвоз гирифта, онҳоро дар штаби муваққатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвари иқомат ташкил карда шуда буд, ҷойгир намуданд.
Ба гуфтаи ӯ, худи ҳамин рӯз бо хатсайри Москва-Душанбе як нафар Хайруллоев Ҳ. гуселонида шуда, боқимонда бо хатсайри Москва-Душанбе соати 23:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз хоҳанд намуд.
«Рӯйхати шаҳрвандони мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ тартиб дода шуда, барои интиқол додани онҳо аз Яман ба Москва ба ҷониби Россия пешкаш карда шуданд», - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки ҳангоми сӯҳбат бо шаҳрвандон маълум гардидааст, ки айни ҳол теъдоди ками шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷумҳурии арабӣ боқӣ мемонад. Шаҳрвандон аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Россия барои интиқол доданашон аз Яман ба Москва ва пешвозу гуселонидан изҳори сипос намуданд.
12 программ для бесплатной учебы в CША, Японии, Великобритании, Германии и не только
Что стало с землей бывшего «Зеленого базара» в Душанбе?
«Наши выступили блестяще». Эргаш Махмадбеков – об итогах чемпионата мира по дзюдо среди юниоров
Спикер парламента Ирана приедет в Таджикистан. Какова цель визита Калибофа?
Сына бен Ладена депортировали из Франции. Ему запрещен въезд в страну
Как сохранить ягнобский язык?
Ассоциация охотников Таджикистана выделила 2,1 млн сомони на развитие отдаленных районов
Дело P. Diddy. Что на самом деле происходило на вечеринках рэпера?
Министр транспорта Таджикистана поручил подготовить дороги к зиме
Тайны китайских праздников: от гонок на драконьих лодках до волшебных фонарей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста